Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Корҳои таблиғотӣ бар зидди экстремизм

Корҳои таблиғотӣ бар зидди экстремизм

04 март 2019, Понедельник
3 393
0
Корҳои таблиғотӣ бар зидди экстремизмЯке аз самтҳои асосии фаъолияти Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР оидба муҳоҷират ин бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни муҳоҷирон ва донишҷӯёни тоҷик ба шмор меравад. Дар доираи чунин тадбирҳо санаи 24.02.2019с дар ш.Рубсовск бо иштироки консули генераии ҶТ дар ш.Новосибирск Зарди Шамсидин, корманди Намояндаги, раиси чамъияти точикони «Диаспорахои точик»-и ш.Рубсовск Сабуров Займидин, раиси чамъияти точикони «Диаспорахои точик»-и ш.Барнаул Хайлоев Сайдали, раиси чамъияти «Занони точик»-и ш.Рубсовск Ярова Хадиса Мирзомудиновна, эмомхатиби ш.Рубсовск Фатхудинов Рустам, донишчуён ва хамватанони бурунмарзи вохури гузаронида шуд. Дар рафти он масъалахо оид ба пешгири намудани холатхои шомилшавии мухочирони мехнатии шахрвандони Ч.Т. дар Ф.Р. ба сафи гуруххои террористиву экстремисти барраси шуд. Таъкид гардид, ки гуруххои ифротгарои ва террористи ба гуруххои муайяни ахоли, махсусан чавонон, шахсони бе кор, ниёзманд, мухочирони мехнати, шахсони ба маблаг ниёздошта, ё аз волидон ва аз чамъият ранчида, ки дорои дониши паст ва маърифати чукуки мебошанд, ру оварда, онхоро ба сафхои худ шомил мегардонанд. Бинобар ин ба хозирин мафхуми экстремизм ва терроризм, ки хадафашон ноороми ва дигаркунии сохти конститутсиони дар давлат ва бадбинии ичтимои ва мазхаб мебошад, фахмонида дода шуд. Дар мулокотхо аз мухочирон, донишчуён, ва хамватанони бурунмарзи даъват ба амал оварда шуд, ки ба шахсони шубханок бо ваъдаи даромади муфт ва зуд хал кардани мушкилоташон дар хоричи кишвар бовар накунанд ва зиракиву хушёрии сиёсиро аз даст надода хангоми пайдо шудани мушкилоти ба ин мавзуъ марбут ба Намояндаги мурочиат намоянд. Дар рафти он, масъалахо оид ба омодаги ва истикболи сазовори 30-солагии истиклолияти Чумхурии Точикистон барраси шуд. Таъкид гардид, ки Чашни истиклолияти милли, ки бо талошу кушишхои Асосгузори сулху вахдати милли Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон ба даст омада, барои хаёти орому осоиштаи мардуми сарбаланди точик ва рушду инкишофи иктисодию ичтимоии кишвар заминаи вокеи гузошт, яке аз чашнхои мукаддаси давлати чавони точикон ба шумор меравад . Аз ин лихоз хар як фарди ватандусту миллатдуст, сарфи назар аз он, ки дар кучо икомату фаъолият менамоянд, бояд дар тахкиму тавсияи гояву арзишхои ин дастоварди беназир сахмгузор бошад. Дар интихои мулокот накшаи якчояи тадбирхо ба муносибати чашни истиклолияти милли, аз чумла вохурию мулокотхо, чорабинихои фарханги, варзиши ва конфронси илми-амал дар хусуси махми Президенти Чумхурии Точикистон дар истикрори сулх ва Вахдати милли мувофика карда шуд.
Инчунин дар рафти вохури ба дигар масъалаи мухим, аз чумла пешгирии беморихои сирояти, бахусус ВИЧ СПИД таваччухи хоса зохир гардид. Зикр шуд, ки вактхои охир мухочирони точик сироятшави ба бемории ВИЧ афзуда истодааст ва сабаби асосии ин надонистан ва ё риоя нагардидани тадбирхои бехатарии алокаи чинси ба шумор меравад. Ба мухочирони мехнати фахмонда шуд, ки дар сурати наздикшави хатман аз омилхои пешгирикунандаи сироятшави истифода баранд. Зеро ин кафолати бехатарии сироятшавиро ба онхо таъмин менамояд. Дар сурати пайдо шудани эхтимолияти сироят бояд саривахт ба табибон мухочират кард ва холи хозир бо истифода аз усулхо ва воситахои мусир таъсири хуручи сирояти мазкур суст гардонидан имкон дорад. Бар замми ин ташхиси саривакти аз сирояти хамсари худ низ пешгири мекунад. Зеро холатхое буданд, ки мухочирон баъд аз сироятшави аз надонистани сироятшавии худ хамсаронашонро низ сироят кардаанд. Инчунин ба иштирокдорони вохури буклету варакахои огохкунандаи маърифати таксим карда шуд.Чунин вохурию мулоқотҳо бо фаъолони ташкилотҳои ҷамъиятии ҳамватанон ва муҳоҷирони меҳнатӣ дар шаҳрҳои Новокузнетск ва Барнаул низ гузаронида шуд.
Корҳои таблиғотӣ бар зидди экстремизм
Корҳои таблиғотӣ бар зидди экстремизм

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ