Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Мулоқоти вакилони Парламенти ҶТ бо фаъолони диаспораҳо ва муҳоҷирони тоҷик дар Санкт-Петербург

Мулоқоти вакилони Парламенти ҶТ бо фаъолони диаспораҳо ва муҳоҷирони тоҷик дар Санкт-Петербург

15 март 2019, Пятница
2 838
0
Мулоқоти вакилони Парламенти ҶТ бо фаъолони диаспораҳо ва муҳоҷирони тоҷик дар Санкт-Петербург 13-уми марти соли 2019 дар Консулгарии генералии ҶТ дар шахри Санкт-Петербург вохурии вакилони Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ бо сохибкорон, мухочирони мехнати ва донишчуёни точик баргузор гардид.
Шариф Раҳимзода, намояндаи Парламенти ҶТ зимни баромадаш доир ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Точикистон дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла иқтисод суханронӣ кард. Вакили Парламент ба фаъолият шуруъ кардани агрегати якуми НБО-и Рогунро дастоварди бузург дар самти расидан ба истиҷлолияти энергетикӣ арзёбӣ карда, марҳилаи нави муносибатҳои дустонаи миёни Тоҷикистону Узбекистон қадамӣ ҷиддӣ бобати таҳкими мавқеи кишвар дар минтақа номид. Инчунин доир ба зиёд гардидани ММД дар хачми 7,3% дар соли 2018 ва огози фаъолияти минтакаи озод дар шахри Кулоб ҳамчун самараҳои неки сиёсати иқтисодии Ҳукумати мамлакат шарх дода шуд.









Мулоқоти вакилони Парламенти ҶТ бо фаъолони диаспораҳо ва муҳоҷирони тоҷик дар Санкт-ПетербургХамчунин дар бобати хатари ташкилотхои ифротӣ таъкид шуд, ки бархе аз чавонон бо роххои гуногун ба ташкилотхои террористию экстремисти чалб шуда, окибат шаъни миллату давлати точикро догдор мекунанд. Дар ин раванд, ташкили паймону дигар харакатхои иртичои аз тарафи мухолифини точик дар кишвархои Аврупо мавриди танкид карор дода шуд. Ба хозирин расонда шуд, ки фирефтаи ин гуна гуруххо нашуда, танхо барои барои беҳдошти сатҳи зиндагии худ, пешравӣ ва шукуфоии давлату миллати хеш бояд сахми худро гузошт.
Баъдан Рачабова Лутфия Нусратовна, вакили МН МО ЧТ, раиси кумитаи илм ва маорифи МН баромад намуд. Номбурда дар огози суханрониаш кайд кард, ки сиёсати феълии Ҳукумати ҶТ хусусият ва афзалияти ичтимоиро дар бар гирифта, афзоиш ёфтани ахолӣ мунтазам ба он водор мекунад, ки муассисаихои томактаби, мактабхои тахсилоти умуми ва донишгоххо дар каламрави кишвар зиёд карда шавад. Сипас мунтазам ба мухокимаи мушкилоти чалб шудани чавонон ба хар гунна харакату ташкилотхои террористи ва экстремисти сухан ронда, Рачабова Л.Н. кайд кард, ки махз кишвархои абаркудрат ва ташкилотхои байналмилали мехоханд бо рохи ташкил кардани давлатхои исломии тафрикаандоз, ба монанди ДИИШ чавононро ба сафхои худ чалб карда, бевосита тухми терроризму экстремизмро дар давлатхои мусулмоннишин пахн намоянд. Бо ин рох онхо мехоханд, дар чумхурихои навтаъсис, ба монанди Точикистон ва гайрахо равандхои номатлуб инкишоф ёфта, окибати он ба нести рафтани давлат оварда мерасонад. Аз беамнии ЧИА, ноустувории хукуматхо дар кишвархои араб, муташаннич будани вазъ дар Украинаро мисол оварда, иброз карда шуд, ки дар натича танхо миллатхои алохида зарар дида, мухолифон ва душманони давлат фойда мебинанд. Чуноне, ки як гурух шахрвандони мо мукими кишвархои гарби шуда, аз номи хизби нахзати исломи ва дигар ташкилотхо зидди миллати худ даъвохои беасос мекунад. Онхо аз хисоби кишвархои алохида сармоягузори шуда, тибки супориши онхо бояд вазифаашонро ичро намуда, номи баланди Точикро дар арсаи байналмилали догдор мекунанд. Мо шахрвандон, чавонон бояд зидди ин гунна куввахо бошему, онхоро махкум намоем. Нагузорем, ки ба халки точик зарари худро расонанд. Инчунин ходисаи куштори сайёҳон дар шохрохи Дангараи вилояти Хатлони ЧТ аз тарафи аъзоёни хизби нахзати исломи мисол оварда шуда, ин холат симои душманонаи ин ташкилоти террористиро бори дигар собит мекунад.
Баъдан, рохбари диаспораи “Ачам” Усмонов М.А., рохбари диаспораи “иттиходияи халкхои Помир” Бердов Б.Б., аъзои ташкилоти чавонони “СМТ” Махмадчонов Хушбахт, сохибкор Саидов Мухаммадюнус баромадхо намуда, мехмононро хайрамакдам намуданд. Хамчунин номбаршудагон чалбшавии чавононро ба хизбу харакатхои террористи, экстремисти махкум карда, фазои интернетиро майдони васеъ ва фиреб кардани чавонон хисоб карданд. Онхо даъват бар он карданд, ки хизби нахзати исломи, “салафия” ва дигар равандхои ифроти ба манфиати миллати точик кор намекунанд ва бинобар ин, зидди бояд муборизаи беамон бурд. Дар ин маврид Махмадчонов Х. пешниход кард, ки мохи апрели соли чори дар назар аст бо имкониятхои ташкилоти чавонони “СМТ” конференсия оид ба мавзуи “чавонон, сахми онхо дар ЧТ, хатари терроризм ва экстремизм” ташкил ва доир намоянд.
Баъдан аз тарафи иштирокчиён саволхои гуногун пешниход гардид, ки ба хамаи онхо чавобхои мушаххас дода шуданд.
Дар охир сохибкорон, донишчуён ва мухочирони мехнати аз ташрифи мехмонон-вакилон изхори минтадори намуданд ва таклиф карданд, ки мунтазам барои мулокот ва хабаргири ба назди мухочирони мехнати ва хамватанони бурунмарзи сафархо анчом диханд.

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ