Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Таъзия дар робита ба даргузашти Бердов Бахтибек

Таъзия дар робита ба даргузашти Бердов Бахтибек

31 май 2019, Пятница
1 116
0
Таъзия дар робита ба даргузашти Бердов БахтибекНамояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират дар робита ба даргузашти бармаҳали Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикистониёни шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград Бердов Бахтибек Худойбердиевич таъзияи амиқ изҳор менамояд.
Бердов Бахтибек Худойбердиевич дар давоми фаъолияти пурсамари худ ба ҳайси яке аз роҳбарони фаъоли ташкилоти ҷамъиятӣ ва инсони наҷибу хоксор дар самти ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони ҶТ, тарғибу ташвиқи фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик миёни дигар халқияту миллатҳо ва дар рӯҳияи инсондӯстию ватанпарастӣ тарбия намудани насли наврас саҳми бозасо гузошт.
Даргузашти ин марди нектинату нексиришт, ки тамоми кӯшишу ғайрати худро барои ҳалли мушкилоти ҳамватанон ва баланд бардоштани обруву нуфузи миллати тоҷик равона месохт, дар ҳаёти иҷтимоию маърифатии минтақа, воқеан талафоти ҷуброннопазир арзёбӣ шуда, ҳаёти шахсӣ ва фаъолияти ҷамъиятии ӯ барои наслҳои минбаъда намунаи ибрат мебошад.
Дар ин лаҳзаҳои андӯҳгин Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР оид ба муҳоҷират ба наздикону пайвандони марҳум изҳори тасаллияти амиқ менамояд.

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ