Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ дар вилояти Рязан 6 шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расид

Дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ дар вилояти Рязан 6 шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расид

06 август 2019, Вторник
2 635
0
Дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ дар вилояти Рязан 6 шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расидСанаи 06 августи соли 2019 дар 405 километраи шоҳроҳи М 5 “Урал” дар ҳудуди ноҳияи Сасовскии вилояти Рязани ФР дар натиҷаи бархурди микроавтобуси тамғаи Мерседес рақами қайди давлатии В 131 КО 164 бо мошини сабукрави Тойота Ландкрузер 6 нафар ба ҳалокат расида, 6 нафари дигар ҷароҳат бардоштааст. Намояндагӣ дар ҳамкори бо Сафорати ҶТ ва роҳбари диаспораи вилояти Рязан Шамсиев Ҳасан Досиевич ҷиҳати интиқоли фавтидагон ба ватан ва расонидани кумакҳои лозима ба осебдидагон чораҳои заруриро андешида истодааст. Айнизамон 4 нафар аз осебдидагон дар беморхонаи ноҳияи Шаское ва 2 нафар, аз ҷумла як нафар кудаки 12 сола Насринов Ҷовидон Ҷамшедович 14.01.2007 с.т. зодаи ноҳияи Ванҷ дар беморхонаи ноҳияи Сасовои вилояти Рязан бистарӣ мебошанд. То ин дам Намояндагӣ бо наздикону пайвандони қисме аз фавтидагон ва осебдидагони садама дар тамос буда, тамоми чораҳои лозимаро ҷиҳати интиқоли ҷасадҳо ба ватан ва расонидани кумакҳои лозима ба осебдидагон меандешад. Вазъи саломатии ду нафар аз ҷароҳатбардоштагон, аз ҷумла Баротов Фуркат ва Алиев Самандар аз ҷониби табибон вазнин арзёбӣ шуда, дар шуъбаи эҳёгарии беморхона қарор доранд. Боқимонда 4 нафар маҷруҳшудагон дар шӯъбаи травмотологии беморхона буда, табибон вазъи саломатии онҳоро миёнаи вазнин баҳогузорӣ мекунанд.
Тибқи маълумоти пешакӣ 12 нафар шаҳрвандони мо субҳи 06 августи соли равон бо микроавтобуси Мерседес бо мақсади бозгашт ба ватан аз шаҳри Москва ба сафар баромада буданд.
Фавтидагон дар сардхонаи Сасовский
1.Насринова Назира Джамшедовна, 21.07.2005 с.т. зодаи н.Ванҷ
2.Насримова Гулдона Саодатуллоевна, 02.02.1983 с.т. н.Ванҷ
3.Саидов Абдулло Саидбекович, 12.12.1974 с.т. н.Рашт
4.Махмудов Валиджон Турсуналиевич, 08.05.1989 с.т. н.Рӯдакӣ
5.Халилов Ислом Исмоилович, 1974 с.т. ш.Панчакент
6.Муллоев Фируз Бурхонович, 08.11.1977 с.т. н.Айнӣ

Дар беморхонаи Шатский

1.Ахмедов Рахмон Тохирович, 02.05.1991 с.т.
2.Атоев Файзали Файзуллоевич, 16.04.1988 с.т.
3.Баротов Фуркат Зокирович, 1971 с.т.
4.Алиев Самандар Валиевич, 02.03.1981 с.т.

Дар беморхонаи Сасовский
5.Назримов Джовидон Чамшедович 14.01.2007 с.т.
6.Саидов Саидхон Фатхуллоевич 14.08.1984 с.т.

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ