Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Конференсияи Миср ва Тоҷикистон дар мубориза бо терроризм: Ихвонулмуслимин ва қанотҳои он иттиҳоди диниро бар иттиҳоди миллат баландтар мепиндоранд

Конференсияи Миср ва Тоҷикистон дар мубориза бо терроризм: Ихвонулмуслимин ва қанотҳои он иттиҳоди диниро бар иттиҳоди миллат баландтар мепиндоранд

18 сентябрь 2019, Среда
635
0
14 сентябри соли равон дар қароргоҳи Шӯрои корҳои хориҷии Миср дар шаҳри Қоҳира конференсияи “Миср ва Тоҷикистон дар мубориза бо терроризм: Робитаи таърихӣ миёни Ихвонулмуслимин ва ТТЭ ҲНИ” баргузор шуд, ки дар он мутахассисону мутафаккирон аз ҳар ду давлат иштирок намуданд.
Директори Шӯрои корҳои хориҷии Миср, сафир Мунир Заҳрон зимни суханронии худ таъкид намуд, ки кишварҳои минтақа ва олам дар мубориза бо созмонҳои террористие, ки ҳамаи онҳо аз як сарчашмаи идеологӣ ғизо мегиранд, бояд муттаҳид шуд. Ӯ аз афзоиши хатари созмонҳои террористӣ бар ҷомеаҳои арабӣ ва исломӣ изҳори нигаронӣ кард.
Инчунин, ноиби Муфтии диёри Миср, доктор Маҷдӣ Ашур, ки аз номи Муфтии диёри Миср доктор Шавқӣ Аллом суханронӣ менамуд, таъкид дошт, ки сифати “Хавориҷ” бар созмони Ихвонулмуслимин ва қанотҳои хориҷии он, ки ҳамеша дар талоши таъсиси як нерӯи опозитсионии зиддиҳукуматӣ ҳастанд, амалӣ мегардад. “Ин созмонҳо ҷавононро бо идеологияи тундгарои худ ҷалб намуда, танҳо ҷонибҳои лозимаи худро аз фармудаҳои дини Ислом мегиранд. Онҳо ба шакл (зоҳир) бештар аҳамият дода, аз мазмуни таълимоти динӣ кор намегиранд” таъкид намуд вай.
Номбурда афзуд, ки пас аз решадор гардидани филиалҳои ихвониҳо ҷомеаҳо бо чолишҳои гуногуне рӯ ба рӯ хоҳанд шуд. “Онҳо низоми “пирамидаи чаппа”-ро истифода мебаранд. Дар аввал “ҷиҳод” ва пас аз он “ақидаи исломӣ”-ро меомӯзанд. Дигаронро фаҳмидан ва фикри онҳоро қабул кардан намехоҳанд”, - ёдовар шуд доктор Маҷдӣ Ашур.
Ба таъкиди доктор Маҷдӣ Ашур созмони террористии Ихвонулмуслимин ва шохаҳои он ба мисли ТТЭ ҲНИ, арзиши Ватан ва ватандориро эътироф намекунанд. Онҳо принсипи иттиҳоди миллат пеш аз иттиҳоди динҳоро қабул надоранд. Принсипи онҳо гумроҳкунӣ, контрол ва решкан намудани ақидаҳо буда, бо барномаҳои илмӣ амал намекунанд. Онҳо аз таҳаммулпазирии Ислом ва фаҳмшии дурусти он дурӣ меҷӯянд. Дар ин масъала ҳолати ихвониҳои Миср ва Тоҷикистонро ёдовар гардидан мумкин аст.
Доктор М. Ашур аз Ҳукуматҳо талаб намуд, то фазои холии ҷавононро бо таълимҳои дуруст пур намуда, ахлоқи онҳоро дар муошират ва зиндагӣ беҳтар созанд. Ин масъалаест, ки бояд аз ҷониби ниҳодҳои иттилоотӣ, таълимӣ ва фарҳангӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гиранд. Ӯ зикр намуд, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ