Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » «Аз даст» сим-корт нахаред

«Аз даст» сим-корт нахаред

07 январь 2014, Вторник
2 033
0
«Аз даст» сим-корт нахаред
Аз 1 январи соли 2014 мувофиқи меъёрҳои нави қонунгузории федералӣ дар қаламравӣ ФР фурӯши сим-кортҳо барои алоқаи мобилӣ дар кӯчаҳо, бидуни сабти ном ва дигар нишондодҳои муайянкунандаи шахсияти харидор манъ шудааст. Аммо тибқи иттилои расонаҳои хабарӣ дар шаҳрҳои калони Россия то ҳанӯз фурӯши сим-кортҳо бо усули пешина идома дорад. Дар бархе аз сомонаҳои интернетӣ аз номи операторҳои маъмули мобилӣ эълонҳо оид ба ҷалби фурушандаҳо аз ҳисоби донишҷӯён ва муҳоҷирон бо ваъдаи дастмузди аз 17 то 25 ҳазор рубли русӣ интишор мешаванд.
Бояд гуфт, ки аз 1 январи соли ҷорӣ тибқи талаботи қонунгузории федералӣ, ки бо ворид намудани тағйирот дар қонун «Дар бораи алоқа» ва « Кодекси Федератсияи Россия оид ба қоидавайронкунии федералӣ» муқаррар шудааст, фурӯши сим-кортҳо дар кӯчаҳо манъ карда мешавад.
Аслан ҳадаф аз татбиқи ин чораҳо баҳри пешгирии амалҳои қаллобӣ, ки бо истифодаи симкортҳои, ба истилоҳ «бесоҳиб» анҷом дода мешуд, ба шумор меравад. Минбаъд тибқи талаботи нав фурӯши сим-кортҳо танҳо бо таври стансионарӣ, дар дӯкону толорҳои фурӯшгоҳҳо иҷозат дода мешавад.
Дар қонуни нав танҳо воситаҳои нақлиёте, ки маҳз барои хизматрасонии муштариён муҷаҳхаз гардонида шудааст, аз ин истисноянд.
Барои иҷро нагардидани талаботи мазкур қонунгузорӣ ҷавобгарии маъмурӣ дар шакли ҷарима пешбинӣ намудаст. Ҳамин тариқ бастани шартнома аз номи оператори мобилӣ ба шахсоне, ки чунин ваколатро надоранд, ба шахсони воқеӣ- аз 2 то 5 ҳазор, ба шахсони масъул- аз 10 то 50 ҳазор, ба шахсони ҳуқуқӣ-аз 100 то 200 ҳазор рубл ҷарима муқаррар кардааст.
Чун тибқи дигар талаботи қонунгузорӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ ҳангоми қоидавайронкунии маъмурӣ, ҳатто дар ҳолати бори нахуст содир шуданаш низ дар ҳудуди шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург ва вилоятҳои Москваю Ленинград ихроҷӣ маъмурӣ аз ҳудуди ФР пешбинӣ шудааст, ба муҳочирони меҳнатӣ ин амал чунин оқибатҳо низ дорад.
Ба ақидаи ташаббускорони ин меъёри қонунгузорӣ 70 фисади зангҳои телефонии бардурӯғ оид ба бомбгузорӣ ва дигар намуди авбошии телефонӣ тавассути чунин муштариёни ноайён содир мешаванд.
Аз ин лиҳоз Намояндагии мақомоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар ФР аз кулли ҳамватанон хоҳиш менамояд, ки аз фурӯш ва харидории сим-кортҳои «беном» дар кӯчаҳо худдорӣ намоянд.
Котиби матбуоти
Намояндагӣ
«Аз даст» сим-корт нахаред

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ