Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Навори дар боздоштгоҳ будани шаҳрвандон таҳқиқ мешавад

Навори дар боздоштгоҳ будани шаҳрвандон таҳқиқ мешавад

20 сентябрь 2019, Пятница
988
0
Навори дар боздоштгоҳ будани шаҳрвандон таҳқиқ мешавадДар шабакаҳои иҷтимой наворе паҳн шудааст, ки дар он вазъи нигоҳдории як гурӯҳ шаҳрвандон (аз рӯйи навор, эҳтимол муҳоҷирони меҳнатӣ) сабт шудааст. Нафаре, ки маводро бо телефони мобилӣ наворбардорӣ кардааст, бо забони тоҷикӣ шароити боздошташонро шарҳ медиҳад. Муаллифи сабти видеоӣ дар бораи сӯроғаи дақиқи макони боздоштгоҳ ва шахсияти боздоштшудагон ягон маълумот намедиҳад ва зери комментҳо низ ба саволҳои истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ оид ба мушаххасоти сабт чизе посух дода намешавад.
Намояндагиҳои расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия маводро мавриди омӯзиш қарор додаанд. Бо мақсади ҳалли ҳар чӣ зудтари ин масъала ба нафаре, ки доир ба сабти мазкур ягон маълумот дода метавонад, хоҳишмандем ба телефонҳои зерин:
+7 985 740 02 12 (Хадамоти консулӣ)
+7 926 578 31 99 (Намояндагӣ оид ба муҳоҷират)
бо мо дар тамос шаванд.

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ