Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Дастпарварони шӯъбаи тоҷикии Мактаби якшанбегии миллатҳои шаҳри Қазон VII –мин Фестивали байналмиллалии варзиши мактабӣ миёни кишварҳои аъзои ИДМ дар бозии футбол мақоми аввалро касб карданд

Дастпарварони шӯъбаи тоҷикии Мактаби якшанбегии миллатҳои шаҳри Қазон VII –мин Фестивали байналмиллалии варзиши мактабӣ миёни кишварҳои аъзои ИДМ дар бозии футбол мақоми аввалро касб карданд

10 октябрь 2019, Четверг
844
0
Дастпарварони шӯъбаи тоҷикии Мактаби якшанбегии миллатҳои шаҳри Қазон VII –мин Фестивали байналмиллалии варзиши мактабӣ миёни кишварҳои аъзои ИДМ дар бозии футбол мақоми аввалро касб кардандХонандагони шӯъбаи тоҷикии Мактаби якшанбегии миллатҳои шаҳри Қазон VII –мин Фестивали байналмиллалии варзиши мактабӣ миёни кишварҳои аъзои ИДМ дар бозии футбол ҷойи аввалро ишғол карданд
Фестивал дар шаҳри Қазони Ҷумҳурии Тотористон аз 4 то 10 октябри соли 2019 баргузор гардид. Дастаҳои кудакон аз Арманистон, Озарбойҷон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар 8 намуди варзиш, аз ҷумла футболи хурд, баскетбол, волейбол, тенниси руйи миз, бадминтон, шоҳмот ва шиноварӣ сабқат карданд.
Дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастпарварони шӯъбаи тоҷикии Мактаби якшанбегии миллатҳои шаҳри Қазон муаррифӣ намуд.
Тими мактаббачагониТоҷикистон дар вохӯрии финалӣ дастаи мунтахаби Россияро дар бахши футболи хурд мағлуб намуда, мақоми аввалро соҳиб шуданд.
Раиси Ташкилоти ҷамъиятии “Автономияи миллии тоҷикони Ҷумҳурии Тотористон” Ҳикматулло Гадоев, ки дар ин мусобиқот дастаи мактаббачагони тоҷикро раҳнамоӣ мекард, изҳор намуд, ки баргузории чунин чорабиниҳо на танҳо ба таҳкими дӯстию рафоқат миёни намояндагони халқияту миллатҳо мусоидат мекунад, балки дар оянда барои кӯдакон таҷрибаи хуби иштирок дар мусобиқоти сатҳи болотар мегардад. Ба гуфти Ҳ.Гадоев шӯъбаи тоҷикии Мактаби якшанбегии миллатҳо дар шаҳри Қазон 4 сол инҷониб таъсис ёфта, айнизамон дар он 17 нафар кӯдакони тоҷик таҳсил менамоянд.
Дар маҷмӯъ фестивали байналмиллалии варзиши мактабӣ 450 нафар кӯдаконро аз кишварҳои аъзои ИДМ ҷамъ овард.

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ