Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(926)255-09-27
» » Ҷаласаи ҷамъбастии Хадамоти муҳоҷират

Ҷаласаи ҷамъбастии Хадамоти муҳоҷират

08 январь 2014, Среда
2 058
0
Ҷаласаи ҷамъбастии Хадамоти муҳоҷират
Душанбе. 8 январи соли 2014 дар Хадамоти муҳоҷират ҷаласаи ҷамъбастии Хадамот дар соли 2013 ва вазифаҳои навбатӣ барои соли 2014 баргузор гардид.
Дар ҷаласа сардори Хадамоти муҳоҷират Бобоев А.А, Самадов Баҳром - сардори Шуъбаи бозори меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, сардори Сарраёсат, инчунин сардорон ва муовинони раёсатҳо, шӯъбаҳо ва сохторҳои зертобеи он дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи маркази ҷумҳурӣ, роҳбари Намояндагии ХМ дар ФР, директори КВД "Тоҷикхориҷакор" ва сармуҳарири рӯзномаи "Муҳоҷир" иштирок намуданд.
Сардори Хадамоти муҳоҷират Анвар Бобоев зикр кард, ки вазифаҳои асосии Хадамоти муҳоҷират танзими муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа, таълими касбии муҳоҷирони меҳнатӣ, бо кор таъмин кардани шаҳрвандон дар хориҷи кишвар, робита бо ҳамватанони бурунмарзӣ, муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Хадамот бо ин мақсад, тайи соли ҷорӣ якчанд лоиҳаи созишномаҳоро бо давлатҳои хориҷи дуру наздик таҳия ва такмил дода, барои мувофиқа ва омӯзиши тарафҳо, тибқи муқаррарот унвонии Давлати Қатар, Аморати Муттаҳидаи Араб, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷумҳурии Украина ирсол намуд.
Бо мақсади пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва иттилоотӣ байни муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор созишномаҳо бо созмону ташкилотҳо аз ҷумла, бо Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ, «Анҷумани Паванд» ва «Тоҷик- эйр» ба имзо расид.
Кормандони Хадамоти муҳоҷират мунтазам бо муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо вохӯрӣ намуда, оид ба тағйироту иловаҳо дар қонунгузориҳои нави ФР ба онҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда, буклетҳоро ба онҳо дастрас менамоянд.
Сипас, дар назди ҳозирин бо маърӯзаҳои мухтасар оид ба фаъолияти кории соҳа сардори Сарраёсати муҳоҷирати меҳнатӣ Шарипов Толиб, сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд Зайнура Шарифова, роҳбари Намояндагии ХМ дар ФР Одинаев А.,сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалӣ Маҳмадов Қ, сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе ва ШНТҶ Ниёзов Муқим баромад намуданд.
Сардори Шуъбаи бозори меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ Баҳром Самадов андешаҳои худро бобати тезонидан ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти муҳоҷират ва имзо расонидани Қонуни ҶТ «Дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ» ва «Агентиҳои хусусии шуғл» ибрози ақида намуд.
Дар фарҷоми ҷаласа Нақшаи кории ХМ барои соли 2014 баррасӣ гардида, барои боз ҳам пурзур намудани фаъолият дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ ва дурнамои соҳа Сардори Хадамоти муҳоҷират дастуру супоришҳо дод.

Абдуллоҳи Қодирӣ
сардори Шуъбаи робита бо ҷомеаи ХМ ВМ МША

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ