Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ дар шаҳри Қазон

Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ дар шаҳри Қазон

25 ноябрь 2019, Понедельник
869
0
Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ дар шаҳри ҚазонБо ибтикори намояндагиҳои расмӣ ва ташкилоту созмонҳои ҷамъиятии ҳамватанон ба муносибати Рӯзи парчами давлатӣ дар манотиқи гуногуни Федератсияи Россия чорабиниҳои оммавии маърифатӣ-фарҳангӣ баргузор гардиданд. Аз ҷумла санаи 24.11.2019 сол дар шаҳри Қазони Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Россия ҷашни Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳ таҷлил карда шуд.
Ба ифтихори ин санаи фархунда дар бинои “Дӯстии халқҳо”-шаҳри Қазон бо ташаббуси Ҷамъияти фарҳангӣ-миллии тоҷикони Ҷумҳурии Тотористон “Сомониён” бо роҳбарии раиси ташкилот Гадоев Ҳикматулло барномаи ҷолибу рангини маърифатӣ-фарҳангӣ ташкил карда шуд. Дар чорабинии идона ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Тотористон, донишҷӯёни тоҷик ва намояндагони дигар халқияту миллатҳои маскуни минтақа ширкат намуданд.
Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ дар шаҳри Қазон











Зимни баромадҳо дар расми ифтитоҳи ҷамъомад зикр шуд, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон-рамзи соҳибистиқлолии Ватан, иттиҳоди вайрон нашавандаи тамоми табақаҳои ҷомеа, дӯстиву баробарии халқҳои сокинони давлати мо мебошад. Парчами давлатии мо, анъанаҳои таърихию фарҳангии чандин асраи тоҷиконро инъикос мекунад. Эҳтироми Парчами Давлатӣ ва расидан ба қадри он аз ҷумлаи вазифаҳои ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷамеаи мо ба ҳисоб рафта ва моро зарур аст, ки ҳисси ифтихор аз парафшонии он дар сиришту фитрати ҳар як шаҳрванди ватандӯсту меҳанпарасти кишвари мо доимо пойбарҷо бошад.





Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ дар шаҳри ҚазонИмрӯз касе, ки худро шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мешуморад, бояд ифтихор аз миллату давлати аҷдодӣ ва рамзҳои миллии Ватан дошта бошад ва ин муқаддасотро чун гавҳараки чашм қадр карда, ҳифз намояд. Ҷашни Парчам аз зумраи ҷашнҳое мебошад, ки имрӯз симои Тоҷикистонро ҳамчун давлати бо фарҳанг ва соҳиби тамаддуни бой дар ҷаҳон муаррифӣ менамояд.
Дар чорабинӣ донишҷӯёни тоҷик, ки дар муассисаҳои гуногуни олии таълимии Ҷумҳурии Тотористон таҳсил менамоянд, дар васфи ватан ва аҳамияти ин иди миллӣ шеъру сурудхонӣ карданд.
Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар манотиқи дигари Россия низ чорабиниҳои оммавӣ баргузор карда шуданд.

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ