Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Кӯмак ба муҳоҷирони меҳнатӣ

Кӯмак ба муҳоҷирони меҳнатӣ

13 январь 2014, Понедельник
1 716
0
Кӯмак ба  муҳоҷирони  меҳнатӣ
Ҳафтаи сипаришуда 3 муҳоҷири меҳнатӣ-шаҳрвандони ҶТ, ки ба дафтари Намояндагӣ бо дархости баргардониданашон ба Ватан муроҷиат карда буданд, бо мусоидати Намояндагӣ ба Тоҷикистон баргаштанд.
Аз ҷумла санаи 9 январи соли 2013 Очилдиев Иса Ҳасанович 27.08.1967 с.т., зодаи н.Шаҳритус (к/з «Искра»), ки баъд аз иҷрои ҷазо дар маҳбаси ш.Оренбурги ФР имкони молиявии бозгашт ба ватан надошт, тавассути қатораи Москва-Душанбе;
санаи 10 январ Мирзоева Шарифмо Ашуралиевна, 10.11.1970. с.т., зодаи ш.Қӯрғонтеппа бо писараш Мирзоев Фаридун Каримҷонович 20.02.2001с.т., ки бинобар сабаби нодуруст будани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти писараш аз ҷониби макомоти сарҳадии ФР зимни убури сарҳади Россия ва Қазоқистон аз қатораи хатсайри Волгоград- Душанбе бозпас гардонида шуда буд, бо мусоидати Намояндагӣ тавассути ҳавопаймои хатсайри Москва-Душанбе;
санаи 11 январи соли 2014 Сафаров Абдумалик Абдураҳимович с.т., 15.05.1985, зодаи деҳаи Заргари н. Бохтари вилояти Хатлон, ки бинобар сабаби дар ҳолати вазнини бемори бистарӣ будани модараш ва ғайрикофӣ будани маблағи роҳкирояш тавассути қатораи хатсайри Москва – Душанбе бо мусоидати Намояндагӣ, Хадамоти консулии Тоҷикистон дар Москва ва дастгирии молиявии соҳибкорони тоҷик ба ватан равон карда шуданд.
Котиби матбуоти Намояндагӣ

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ