Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Вохӯрии Намояндагӣ бо ҳамватанон оид ба баргузории интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия

Вохӯрии Намояндагӣ бо ҳамватанон оид ба баргузории интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия

20 март 2020, Пятница
575
0
Вохӯрии Намояндагӣ бо ҳамватанон  оид ба баргузории интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Вохӯрии Намояндагӣ бо ҳамватанон оид ба баргузории интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия
Бо мақсади фаҳмонидани тартиби баргузорӣ ва таъмини иштирок дар интихоботи вакилони Мачлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар санаи 1 марти соли 2020 баргузор мегардад, аз ҷониби намояндагиҳои расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар манотиқи Федератсияи Россия вохӯрию мулоқотҳо бо ҳамватанон - муҳоҷирони меҳнатӣ ҷараён доранд. Бояд гуфт, ки мутобиқи қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баргузор гардидани интихоботи вакилони Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар санаи 1 марти соли 2020, дар назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ФР ва консулгариҳои ҶТ дар ФР ҳамватанони мо метавонанд, рӯзи баргузории интихобот, яъне 1 марти соли равон дар ш. Москва дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва Консулгариҳои генералии ҶТ дар шаҳрҳои Санкт-Петербург, Уфа, Екатеринбург, Новосибирск, ширкат намоянд.
Вохӯрии Намояндагӣ бо ҳамватанон  оид ба баргузории интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи РоссияНамояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР оид ба муҳоҷират, ҷиҳати расонидани маълумот ба муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони ҶТ дар манотиқи гуногуни ФР, дар иртиботи ҳамкорӣ бо роҳбари ташкилоти ҷамъиятии тоҷикони шаҳри Химкии вилояти Москва Ҳомидов Тошмурод Иброҳимович ва иштироки Сардорони гурӯҳҳои бригадаҳои сохтмонӣ бештар аз 30 нафар ва дар шаҳраки кишоварзии Павловская Слободаи ноҳияи Истраи вилояти Москва бо бештар аз 40 нафар шаҳрвандон, ки ҳамчун сардорони гуруҳҳои бригадаи сохтумони дар навоҳии Истра, Краснагорск, Нахабино ва Дедовскии фаъолияти меҳнати доранд вохӯрӣ ва мулоқот анҷом пазируфтанд. Дар ҷараёни вохӯрӣ Намояндагӣ қайд кард, ки тибқи дастури Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ФР, ҳамватаноне, ки дар Ҳавзаи Марказӣ иқомат доранд, метавонанд дар бинои Сафорати ҶТ дар шаҳри Москва дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ ширкат варзида, мавқеи шаҳрвандии худро дар фазои шаффофу озод баён намоянд. Ҷиҳати иштироки озодонаи ҳар як шахрванд дар ин маъракаи муҳим аз ҷониби Сафорату консулгариҳои ҶТ дар ФР тамоми шароитҳои лозима фароҳам оварда шудааст. Чунин вохӯриҳо дар чанд манотиқи дигар низ бо иштироки ҳамватанон гузаронида шуд.
Вохӯрии Намояндагӣ бо ҳамватанон  оид ба баргузории интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Дар мулоқоте, ки дар яке аз базаҳои меваю сабзавоти ш. Санкт-Петербург баргузор гардид, бештар аз 100 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ ширкат варзиданд. Зимни мулоқот таъкид гардид, ки ҳар як шаҳрванд метавонад 1 марти соли ҷорӣ ба бинои Консулгарии генералии ҶТ дар ш. Сакт-Петербург омада, мавқеи шаҳрвандии худро муаяйн созад.
Вохӯрии Намояндагӣ бо ҳамватанон  оид ба баргузории интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Чунин вохӯриҳо дар Хабаровск ва Новосибирск низ баргузор гардид. Вохурию мулоқотҳои Намояндагӣ бо ҳамватанон оид ба огоҳонидан ва фаҳмонидани тартиби иштирок дар интихобот дар манотиқи гуногуни ФР идома дорад.

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ