Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(926)255-09-27
» » Дар бораи парвози махсуси ҳавопаймои ширкати “Тоҷик Эйр”

Дар бораи парвози махсуси ҳавопаймои ширкати “Тоҷик Эйр”

20 май 2020, Среда
19
0
Дар бораи парвози махсуси ҳавопаймои ширкати “Тоҷик Эйр”

19 майи соли 2020 дар партави дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои иллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон парвози махсуси ширкати ҳавопаймои “Тоҷик Эйр” дар самти Душанбе-Москва-Душанбе ба манзури ба Ватан баргадондани 213 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар марказҳои нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ қарор доштанд, инчунин ҷасадҳои ҳамватанон, ки дар қаламрави он кишвар ба сабабҳои гуногун ҷон бохтаанд, танзим гардид.

Бо ин парвоз инчунин маводди доруворӣ ва муҳофизатӣ бо шумули доруҳои зиддивирусӣ, ниқобҳои тиббӣ, дастпӯшҳо ва айнакҳои тиббӣ аз ҳисоби ҳамватанони саховатпешаи муқими Русия ба Тоҷикистон таҳвил дода шуд.

Зимнан бояд зикр намуд, ки роҳбарияти давлат ва Ҳукумат аз вазъи душвори шаҳрвандони кишвар, ки ба сабаби қатъ шудани парвозҳои байналмилалӣ бар асари ҳамагирии ҷаҳонии Ковид-19 дар кишварҳои гуногуни дунё дармондаанд, огаҳ буда, тадбирҳои заруриро меандешад, то ҳамаи ҳамватанонро аз хориҷа дар наздиктарин фурсат ба Ватан солим баргардонад.

Барои ин ба ҳамаи намояндагиҳои дипломатӣ ва консулии Тоҷикистон дар хориҷа супориш дода шудааст, ки маълумоти ҳаррӯза дар бораи вазъи шаҳрвандонро ба Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавируси Ковид-19 пешниҳод карда, тамоми мусоидати имконпазирро ба шаҳрвандон расонанд.

Дар ин росто, бино ба дастури Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасмим гирифта шудааст, ки нақшаи тадриҷан ва марҳила ба марҳила бо роҳҳои ҳавоӣ ва заминӣ ба Ватан баргардонидани шаҳрвандоне, ки ба иллати ҳамагирии Ковид-19 дар хориҷа дармондаанд, амалӣ гардад.

Ҳамзамон бояд таъкид кард, ки раванди бозгардонидани шаҳрвандон аз хориҷа ба Ватан ба фароҳам оварда шудани шароити лозим, аз ҷумла омода будани ҷойҳои кофӣ барои карантин ё муроқибати тиббии онҳо дар Тоҷикистон вобаста хоҳад буд.

Ситоди ҷумҳуриявӣ ба шаҳрвандони гиромӣ итминон медиҳад, ки сарфи назар мушкилоти зиёди бесобиқа, тамоми чораҳои лозим барои солиму эмин нигоҳ доштани шаҳрвандон дар дохил ва хориҷ ва ҳар чи зудтар раҳоӣ ёфтан аз ин бемории ҳамагир андешида хоҳанд шуд.

www.tajembassy.ru

___________________________________________

О спецрейсе авиакомпании «Таджик Эйр»

19 мая 2020 года в свете поручений Основателя мира и национального единства – Лидера нации, Президента Республики Таджикистан уважаемого Эмомали Рахмона был организован чартерный рейс авиакомпании «Таджик Эйр» по направлению Душанбе-Москва-Душанбе, которым на Родину были возвращены 213 граждан Республики Таджикистан, находившихся в центрах временного содержания иностранных граждан, а также тела граждан страны, в силу различных причин лишившихся жизни на территории России.

Этим спецрейсом в Таджикистан также была доставлена партия медицинских препаратов и защитных средств, в том числе противовирусные медикаменты, защитные маски, перчатки и очки, приобретенные нашими соотечественниками, проживающими в России.

Следует отметить, что руководство страны и правительство осведомлены о сложном положении граждан, оказавшихся в затруднительном положении в различных странах из-за отмены международных рейсов в связи с пандемией СOVID-19, и принимают меры по их скорейшему возвращению на Родину. Для этого всем дипломатическим представительствам и консульским учреждениям Таджикистана за рубежом поручено ежедневно предоставлять информацию о положении граждан в Республиканский штаб по предотвращению распространения коронавируса в стране и оказывать им всевозможную помощь.

В связи с этим, в соответствии с указаниями Лидера нации, Президента Республики Таджикистан Эмомали Рахмона принято решение о реализации плана постепенного и поэтапного возвращения граждан, оказавшихся за границей из-за пандемии коронавируса (СOVID-19).

В то же время, следует отметить, что процесс репатриации граждан из-за рубежа будет зависеть от создания необходимых условий, в том числе наличия соответствующих мест для карантина или медицинского наблюдения в Таджикистане.

Республиканский штаб уверяет уважаемых граждан в том, что, несмотря на множество беспрецедентных трудностей, будут приняты все необходимые меры для сохранения здоровья и безопасности граждан в стране и за рубежом, а также для преодоления последствий пандемии коронавирусной инфекции.

www.tajembassy.ru

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ