Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Ширкати сохтмонии Москва аз Намояндагӣ дархости коргар кард

Ширкати сохтмонии Москва аз Намояндагӣ дархости коргар кард

25 июнь 2020, Четверг
1 682
0
Ширкати сохтмонии Москва аз Намояндагӣ дархости коргар кардБо бекор гаштани маҳдудиятҳои марбут ба пандемияи Ковид 19 дар аксар минтақахои Федератсияи Россия имкониятҳо ҷиҳати фаъолияти корӣ, аз ҷумла барои муҳоҷирони меҳнатӣ васетар гардид. Дар яке аз марказҳои таҷаммӯи шаҳрвандони хориҷӣ, яъне дар шаҳри Москва аз 23 июн марҳилаи дуюми маҳдудиятҳо (шурӯи фаъолияти пурраи ташкилоти муассиса, корхонаву ширкатҳои хизматрасонӣ, истеҳсолӣ, фароғатию солимгардонӣ) бекор карда шуд, ки он барои фаъолияти садҳо ҳазор ҷойҳои корӣ мусоидат менамояд.
Гарчанд дар давраи худканоргирӣ ва маҳдудиятҳо фаъолияти ширкатҳои сохтмонӣ пурра қатъ нагардида бошад ҳам, қисме аз корхонаҳои марбут ба таъмиру сохтмон фаъолияташонро қисман боз дошта буданд. Бо анҷоми маҳдудиятҳо имрӯзҳо аксари ширкатҳои сохтмонӣ фаъолияти худро бапуррагӣ ба роҳ монданд ва табиист, ки ба коргарону мутаххасисон эҳтиёҷ пайдо карданд.
Чун яке аз самтҳои асосии фаъолияти Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ЧТ дар ФР оид ба муҳоҷират ин мусоидат дар бокортаъминкунии муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони тоҷик дар кишвари иқомат ба ҳисоб меравад, дар ин давра аз ҷониби Намояндагӣ пайваста бо корфармоёни потенсиалӣ, роҳбарони субъектҳои хоҷагидори манотиқи гуногуни ФР вохӯрию мулоқотҳо оид ба ҷойҳои кори муносиб таъмин намудани ҳамватанон доир карда мешавад.
Чунин як вохӯрӣ 24 июн дар дафтари Намояндагӣ бо рохбари яке аз ширкатхои сохтмони баргузор карда шуд.
Зимни мулоқот масъалаи таъмини муҳоҷирони тоҷик бо ҷойи кор дар ширкати мазкур баррасӣ шуданд.
Зимни сӯҳбат роҳбари корхона изҳор намуд, ки ширкати онҳо ба сифати пудратчӣ сохтмони як қатор иншоотро дар шаҳр ва вилояти Москва ба ӯҳда гирифтааст ва айнизамон ба 100 коргар эҳтиёҷ дорад.
Мувофиқи иттилои корфармо айнизамон дар сохтмони иншоот, воқеъ дар ноҳияи Одинтсовои вилояти Москва 50 нафар хиштчин ва дар сохтмони иншоот дар ноҳияи Филии шаҳри Москва 50 нафар мутахассису коргари оддӣ лозиманд. Корхона омодааст, музди меҳнати мутахассисонро то 60 ҳазор рубл ва соати кории коргарони оддиро аз 200 то 250 рублӣ пардохт намояд.
Коргарон дар асоси талаботҳои Кодекси меҳнати ФР ба кор ҷалб хоҳанд шуд. Доштани патент ва қайди муҳоҷиратӣ (регистратсия) ҳатмист. Кормандон бо ҷои хоб бо шароити хуби маъишӣ ройгон таъмин карда мешаванд.
Ҳамватаноне, ки дар шаҳр ва вилояти Москва иқомат менамоянд ва хоҳиши дар сохтмон кор кардан доранд, метавонанд бо рақамҳои зерин ба Намояндагӣ муроҷиат кунанд:
+7(495)967-98-44;
+7901 422 35 78;
+7926255 09 27.

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ