Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Мулоқоти мустақими Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарияти Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Федератсия Россия оид ба муҳоҷират

Мулоқоти мустақими Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарияти Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Федератсия Россия оид ба муҳоҷират

08 июль 2020, Среда
671
0
Мулоқоти мустақими Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо роҳбарияти Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Федератсия Россия оид ба муҳоҷират 7 июли соли ҷорӣ бо маќсади таквияти ҳамкориҳо дар самти муҳоҷирати мехнатӣ ва ҳалли масъалаҳои марбут ба он мулоқоти мустақими Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулрў Ҷабборзода бо муовини сардори Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Федератсия Россия оид ба муҳоҷират Демиденко Дмитрий Павлович доир гардид.
Дар кори нишаст масъулини вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва дохилии кишвар, роҳбари намояндагии ВКД Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои муҳоҷират ширкат намуданд.
Зимни мулоқот ҷанбаҳои мухталифи равобити ҳамкорӣ, аз ҷумла ҷараёни таҳияи лоиҳаҳои Созишномаҳои байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират, вазъи кунунии муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, бахусус дар давраи пандемияи бемории COVID-19 ва такмили раванди табодули иттилоот мавриди муҳокимаи ҷонибҳо қарор гирифт.
Гулрў Ҷабборзода аз вазъи феълии ҳамкориҳои мақомоти ҳарду ҷониб, ки дар асоси муносибатҳои дустонаи роҳбарияти олии кишварҳо сурат мегирад ва баҳри беҳдошти вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва шаҳрвандони Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст, ёдовар шуд.
Зикр гардид, ки солҳои охир бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳо ва беҳдошти вазъи будубош, инчунин фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон – муҳоҷирони меҳнатӣ дар ФР як қатор санадҳои муҳими ҳамкорӣ ба тасвиб расидаанд, ки татбиқи онҳо аз вазъи қаноатбахши ҳамкориҳои мутақобилан судманди ҳарду давлат дар самти муҳоҷират шаҳодат медиҳад.
Демиденко Дмитрий Павлович оид ба тадбирҳои Ҳукумати ФР ҷиҳати дастрас шудани якқатор имтиёзҳо вобаста ба будубош ва фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони хориҷӣ дар шароити паҳншавии коронавирус, аз ҷумла тамдиди муҳлати санадҳои бақайдгирӣ ва фаъолияти меҳнатӣ муфассал иттилоъ дод.
Вазир оид ба бархе мушкилоти ҷойдошта, ки муҳоҷирони меҳнатӣ - шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин давра рубарў гаштанд, изҳори ақида карда, даъват ба амал овард, ки баҳри ҳалли онҳо мақомоти масъулини Федератсияи Россия мусоидат намояд.
Дар навбати худ, роҳбарияти мақомоти муҳоҷирати Россия изҳор намуданд, ки то 15 сентябр тамдид шудани муҳлати санадҳои будубош ва фаъолияти меҳнатӣ, инчунин, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида нашудани шаҳрвандони хориҷӣ дар ин муддат имконияти мусоидро ҷиҳати барасмиятдарории низоми ҳуқуқии муҳоҷирони меҳнатиро фароҳам меоварад.
Ҷонибҳо ҷиҳати самарабахш анҷом додани ин мақсадҳо таҳкими корҳои фаҳмондадиҳӣ ва иттилоърасониро дар ин самт зарур шумориданд.
Дар фарҷом мувофиқа шуд, ки баҳри ҳалли масоили ҷойдошта дар самти марбута мулоқоти мустақими ҷонибҳо пайваста доир гардида, масъалаҳои рўзмарра дар соҳаи муҳоҷират мавриди баррасиву муҳокима қарор дода шавад.
Мулоқоти мустақими Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо роҳбарияти Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Федератсия Россия оид ба муҳоҷират
Мулоқоти мустақими Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо роҳбарияти Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Федератсия Россия оид ба муҳоҷират
Мулоқоти мустақими Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо роҳбарияти Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Федератсия Россия оид ба муҳоҷират

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ