Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » "НАҲЗАТ" Ё ҲИЗБИ МАМНӮЕ, КИ АЗ ИБТИДО ХИСЛАТИ ИРТИҶОӢ ДОШТ

"НАҲЗАТ" Ё ҲИЗБИ МАМНӮЕ, КИ АЗ ИБТИДО ХИСЛАТИ ИРТИҶОӢ ДОШТ

11 август 2020, Вторник
597
0
Аслан пайдоиши ҳизбҳои сиёсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун падидаи нави демократӣ хуб арзёбӣ мегардад. Вале дар ибтидои зуҳур ва ташаккулёбӣ қисме аз онҳо ба ҳаёти сиёсии ҷомеа таъсири манфӣ расонда, дар ниҳоят ба сар задани ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992 - 1997 сабаб шуданд. Мисоли барҷастаи ин собиқ Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аст, ки аз рӯзҳои нахустини таъсисёбӣ кӯшишҳои авомфиребонаи худро дар мавриди дастгирии ҳаракатҳои исломии як қатор кишварҳои хориҷӣ идома дода, дар шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, ташвиқи фарҳанги бегона, таҳқири давлат ва Ҳукумати мамлакат, поймол намудани ҳуқуқи занон саҳми фаъол мегузошт.
Дар мавриди фаъолияти солҳои ахири ҲНИТ метавон гуфт, ки дар арафаи ҳама маъракаҳои муҳими сиёсии кишвар, назири интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Олӣ, ин ҳизб бо истифода аз тарғиботи идеологии худ, ба даст овардани нуфузи сиёсиро ҳадаф қарор медод. Пешрафту дастовардҳои кишварро дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ нодида мегирифт. Барои роҳбарияти ин ҳизб ихтилофоти ҷаҳонишавӣ ва афзудани таҳдиду хатарҳои гурӯҳҳои ифротӣ, зуҳуроти номатлуби экстремистӣ - террористӣ ва фарогирии ҷавонон ба онҳо ҳеҷ гуна амали хавфнок ҳисобида намешуд. Баъдтар, пас аз ошкорсозии ҷиноятҳои содиршуда ба ҳамагон маълум гашт, ки назар ва андешаи онҳо хилофи ҳама гуна тартиботи қонунӣ, амали андешамандонаи инсонӣ ва рафтори эътирофгардидаи исломӣ мебошад.
Дар ҳодисаҳои пурташвиш ва амали содирнамудаи террористии нимаи аввали моҳи сентябри соли 2015, ки дар шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат рух доданд ва дар ин замина оромиву суботи кишвар то ҷойе халалдор гардид, даст доштани ҲНИТ ошкор шуд. Маълум гардид, ки ин ҳизб аз рӯзи таъсисаш хислати иртиҷоӣ - динӣ ва экстремистӣ - террористӣ дошта, барои инкишофи раванди сиёсии Тоҷикистон ва мустаҳкам намудани принсипҳои демократӣ дар шароити тағйирпазирии ҷомеа монеаҳои зиёде эҷод намудааст. Зиёда аз ин, бо чунин фаъолият ҳамчун ҳизби дорои хислати экстремистӣ - террористидошта дар ҷаҳон шинохта шуд.
Имрӯзҳо, қисме аз роҳбарони ин ҳизби мамнӯъ дар мисоли роҳбари он Муҳиддин Кабирӣ берун аз Тоҷикистон бо дастгирӣ ва сарпарастии хоҷагони хориҷиашон ва бо истифода аз ҳар гуна буҳтон ва танқидҳои беасос ба воситаи нашрия ва шабакаҳои иҷтимоӣ, аз худ дарак медиҳанд. Бо ин кирдорашон мехоҳанд фазои орому осудаи кишварамонро аз нав халалдор созанд. Вале онҳо ва пайравонашон бояд дарк намоянд, ки сокинони мамлакат аз кирдорҳои разилонаи ин ҳизб дар фоҷиаи ҷанги шаҳрвандӣ ва минбаъд дар замони сулҳу оромӣ воқиф мебошанд. Дар симои он ҳизби иртиҷоӣ - динӣ ва экстремистию террористиро мебинанд, ки мехост бо истифода аз иғво ва дигар амалҳои тахрибкоронаи хеш ба ҳадафҳои сиёсӣ даст ёбад.
Пиралӣ НАЗАРОВ,
мудири кафедраи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ