Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Вохӯрӣ бо роҳбарон ва фаъолони ташкилотҳои ҷамъиятии ҳамватанон дар шаҳри Санкт-Петербург

Вохӯрӣ бо роҳбарон ва фаъолони ташкилотҳои ҷамъиятии ҳамватанон дар шаҳри Санкт-Петербург

06 октябрь 2020, Вторник
700
0
Вохӯрӣ бо роҳбарон ва фаъолони ташкилотҳои ҷамъиятии ҳамватанон дар шаҳри Санкт-Петербург4-уми октябри соли ҷорӣ дар “Хонаи миллатҳо”-и шаҳри Санкт-Петербург мулоқоти кормандони консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Сантк-Петербурги Федератсияи Россия, Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР оид ба муҳоҷират бо роҳбарон ва намояндагони диаспораҳои минтақа доир гардид.
Дар рафти вохурӣ масъалаи дар сатҳи баланд гузарондани интихобот мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Зикр шуд, ки интихобот як рукни асосии ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд буда, нишонаи возеҳи мушорикати ҳар як шаҳрванд дар идоракунии давлат ба шумор меравад. Мувофиқи Сарқонуни Чумҳурии Тоҷикистон ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба синни 18 расидааст, ҳуқуқи иштироки озод дар интихобот дорад. Сани 11 октябр ҳар як шаҳрванди ба синни 18 расидаи Тоҷикистон метавонанд аз ҳуқуқҳои конститутсионии худ истифода намуда, ба участкаи интихоботӣ ояду ба номзади арзандаи худ озодона райъ диҳад.
Ба саҳми ҳозирин расонда шуд, ки участкаи интихоботӣ дар шаҳри Санкт-Петербург, кучаи Маховая, бинои 15 (Хонаи миллатҳо) муайян шудааст. Маъракаи сиёсӣ аз соати 08.00 саҳар то соати 20.00 ба вақти маҳалли давом мекунад.
Дар заминаи ҷой доштани вазъияти пандемия дар қаламрави Россия ва рузҳои охир шиддат гирифтани бемории “КОВИД-19” дар ин кишвар,
аз роҳбарони диаспораҳо, соҳибкорони бозорҳо хоҳиш ба амал оварда шуд, ки барои иштирок кардан дар овоздиҳӣ дар вақтҳои гуногун ба участка ҳозир шуда, овоз диҳанд. Ҳамчунин дар участкаи интихоботӣ тамоми чораҳои зиддиэпидемикӣ ба инобат гирифта шуда, ба воситаи волонтёрҳо даромади шумораи муайяни хамватанон риоя карда мешавад. Ба ҳар як иштирокчӣ ручкаи алоҳида дода мешавад ва дигар маводҳои гигиенӣ дар участка таъмин карда мешаванд.
Вохӯрӣ бо роҳбарон ва фаъолони ташкилотҳои ҷамъиятии ҳамватанон дар шаҳри Санкт-Петербург

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ