ВОХӮРӢ БО РОҲБАРИЯТИ ШИРКАТИ ИСТЕҲСОЛИИ «ЭКООКНА»

ВОХӮРӢ БО РОҲБАРИЯТИ ШИРКАТИ ИСТЕҲСОЛИИ «ЭКООКНА»

29 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Сергиев Посади вилояти Москва масъулини Намояндагӣ бо мақсади таҳкими ҳамкориҳо, ҷалби муташаккилонаи қувваи корӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муовини директори генералӣ Всеволод Борисович Белов ва директори Департаменти оид ба ҳайати шахсӣ Мария Германовна ширкати истеҳсолии ГК «Экоокна» мулоқот намуданд.
Зимни мулоқот масъалаҳои ҷалби муташаккилонаи қувваи корӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ширкати истеҳсолии мазкур, таъмини ҳифзу ҳуқуқҳои шаҳрвандон дар доираи қонунгузорӣ, кафолатҳои меҳнатӣ, фароҳамоварии шароити корӣ ва зиндагӣ барои аъзои оилаи муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳолатҳои санитариву гигиенӣ, бехатарӣ дар истеҳсолот ва дигар масъалаҳои марбут ба самти фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокимаи ҷонибҳо қарор гирифт.
Иттилоъ дода шуд, ки  ширкати истеҳсолии «Экоокна» аз соли 2006 фаъолият дошта, зиёда аз 2400 корманд дар он дар ду баст фаъолият доранд, ки дар он зиёда аз 100 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти меҳнатӣ машғул мебошанд.
Роҳбарияти ширкат зимни мулоқот иброз доштанд, ки аз солҳои таъсисёбӣ дар ширкати мо тоҷикон фаъолият менамоянд, ки фаъолияти назарраси онҳо барои рушди фаъолияти кории мо натиҷабахш арзёбӣ карда мешавад. Тайи солҳои зиёд, тоҷикон тавонистанд дар баланд бардоштани сифати истеҳсолот, саривақт дастраснамудани фармоишҳо саҳмгузорӣ намоянд.
Роҳбарияти ширкати мазкур ба корманди соҳибтахассус эҳтиёҷ дошта, таъкид намуданд, ки масъалаҳои тартиб додани ҳуҷҷати будубош дар Федератсияи Россия, таъмин бо ҷойи хоб, либоси махсуси истеҳсолӣ, маҳсулотҳои санитариву гигиенӣ барои кормандон ройгон дода шуда, музди меҳнатӣ кормандон аз 100 ҳазор рубл то 220 ҳазорро мувофиқ ба банду басти вазифаҳо дар бар мегирад.
 Дар доираи сафар ба ширкати мазкур вохӯрии масъулини намояндагӣ бо роҳбари муҳоҷирони  меҳнатии Тоҷикистон — Раҳимҷон Қосимов баргузор гардид, ки аз соли 2008 дар ширкат фаъолият дошта, изҳор дошт, ки аз шароити кор ва сатҳи музди меҳнат қаноатманд аст.
Роҳбарияти ширкати мазкур таъкид намуданд, ки айни замон ширкат ба ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ ниёз дошта, омодаанд, ки хароҷоти парвоз ва омода намудани ҳуҷҷатҳои расмии будубош ва дарёфти иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ (патент) ва пардохти моҳонаи онро ба уҳда гиранд.
Намояндагӣ ба иттилои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои дарёфти ҷойи кори муносиб ва фаъолияти меҳнатӣ ба Федератсияи Россия меоянд, мерасонад, ки барои  гирифтани маълумоти бештар метавонанд ба рақамҳои +7 (495) 967-98-44 ва ё тавассути вотсап, телеграмм ё макс бо рақамҳои +7 (999) 912-58-68 дар тамос шаванд.