БАРГАРДОНИДАНИ МУЗДИ МЕҲНАТИ МУҲОҶИРИ МЕҲНАТӢ

БАРГАРДОНИДАНИ МУЗДИ МЕҲНАТИ МУҲОҶИРИ МЕҲНАТӢ

Намояндагӣ иттилоъ медиҳад, ки дар моҳи майи соли 2026 шаҳрванди Тоҷикистон А.Ғ.Ҳ. оид ба нопардохти музди меҳнаташ дар ҳаҷми 1 065 000 рубл  аз ҷониби корфармо, ширкати хусусии кишвари иқомат муроҷиат намуд.
Ҷиҳати мусоидат ба ҳалли мушкилоти шаҳрванд масъулини Намояндагӣ бо роҳбарияти корхона дар тамос гардида, тибқи меъёрҳои қонунгузории кишвари иқомат ва шартномаҳои байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия, инчунин ёддошту созишномаҳо дар доираи созмонҳои минтақавӣ талаб намуданд, ки музди меҳнати шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми муайян вобаста ба корҳои анҷомдодашуда пардохт карда шавад.
Дар натиҷа маблағ дар ҳаҷми 1 065 000 рубл аз ҷониби корфармо 29 майи соли 2026 пуррагӣ пардохт карда шуд.
Намояндагӣ ба иттилои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки ҳангоми оғози фаъолияти меҳнатӣ бо корфармоён дар ҳудуди Федератсияи Россия ҳатман шартномаи меҳнатӣ ба имзо расонида, як нусхаи аслии онро дар худ ҳифз намоед.
Дар ҳолати пайдо гардидани саволҳо дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, дарёфти ҷойи кори муносиб метавонед ба рақамҳои дар зеровардашуда муроҷиат намоед:
1.             Ҳавзаи федералии Марказӣ, шаҳри Москва, кӯчаи Чаянова, 3/40,
+7 (967) 271-02-02, +7 (988) 676-00-00, +7 (966) 031-22-22, +7 (936) 174-19-92, +7 (926) 586-03-00 ва шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” ва Телеграмм: +7 (999) 912-58-68; Реҷаи корӣ аз 9:00 то 18:00.
2.             Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Қазон: +7 (926) 311-52-53;
3.             Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш. Санкт-Петербург: +7 (977) 963-25-69;
4.             Ҳавзаи федералии Сибири Ғарбӣ, ш. Новосибирск: +7 (901) 344-77-77;
5.             Ҳавзаи федералии Ҷанубӣ, ш. Астрахан: +7 (929) 388-54-11;
6.             Ҳавзаи федералии Урал, ш. Екатеринбург +7 (999) 341-45-99;
7.      Роҳбари Ҷамъият дар минтақаи Шарқи Дур, ш. Хабаровск +7 (909) 809 55 48;
8.          Роҳбари Ташкилоти Ҷамъиятӣ дар Ҷумҳурии Саха: +7 924 463-55-19
9.         Почтаи электронии Намояндагӣ: prmstj@mail.ru