ХУД ВА НАЗДИКОНАТОНРО АЗ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ ҲИФЗ НАМОЕД
Намояндагӣ ба иттилои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки ҳангоми қарор доштан дар кишвари хориҷӣ бо мақсади пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ва назорати вазъи солимии худ аз марҳилаи гузариши тиббӣ дар нуқтаи тибии наздиктарини ҷойи зист ва ё беморхона аз ташхиси тиббӣ гузаред.
Мавриди зикр аст, ки вақтҳои охир дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон вирусҳои гуногуни гузаранда, бемориҳои пуст, пайдоиши ҳашаротҳои зараровар ба вазъи саломатии сокинони сайёра таъсири манфӣ расонида, баъзе бемориҳо авҷ гирифта, ваъзи саломатии сокинони оламро зери хатар овардаанд.
Дар ин замина ба муҳоҷирони меҳнатӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо мақсадҳои гуногун дар Федератсияи Россия қарор доранд, тавсия медиҳем, ки ҳолатҳои гигиениву санитарӣ, тозагии ҷойи кор ва ҷойи зисти худро ҳамеша хуб нигоҳ дошта, дар ҳолатҳои пеш омадани эпидемия ва ё хуруҷи бемориҳо ҳолатҳои санитариву гигиенӣ ва роҳҳои пешгирӣ аз онро тибқи дастури масъулини соҳаи тибби кишвари иқомат риоя намоед.
Ҳамзамон, хотиршинон менамоем, ки дар ҷаҳон ҳолатҳои хуруҷ ва авҷгирии бемориҳои ВНМО/БПМН, сил, COVID-19 ва дигар бемориҳои сироятӣ ба назар расида, ҳифз ва пешгирии саломатиатон вазифаи шаҳрвандӣ буда, худ ва наздиконатонро аз бемориҳои гузаранда ва сироятӣ ҳифз намоед.
Дар ҳолати пайдо шудани саволҳо дар ин самт ва барои гирифтани машварати ҳуқуқии ройгон Шумо метавонед бо Намояндагӣ тамос гиред:
1. Ҳавзаи федералии Марказӣ, шаҳри Москва, кӯчаи Чаянова, 3/40, +7 (929) 540-88-88, +7 (988) 676-00-00, +7 (967) 271-02-02, +7 (920) 941-60-60, +7 (966) 031-22-22, +7 (936) 174-19-92, +7 (926) 586-03-00, +7 (977) 370-77-44, шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” ва Телеграмм: +7 (999) 912-58-68; Реҷаи корӣ аз 9:00 то 18:00.
2. Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Қазон: +7 (926) 311-52-53;
3. Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш. Санкт-Петербург: +7 (977) 963-25-69;
4. Ҳавзаи федералии Сибир, ш. Новосибирск: +7 (901) 344-77-77;
5. Ҳавзаи федералии Ҷанубӣ, ш. Астрахан: +7 (929) 388-54-11;
6. Ҳавзаи федералии Урал, ш. Екатеринбург: +7 (999) 341-45-99;
7. Роҳбари Ҷамъият дар минтақаи Шарқи Дур, ш. Хабаровск: +7 (909) 809 55 48;
8. Роҳбари Ташкилоти Ҷамъиятӣ дар Ҷумҳурии Саха: +7 924 463-55-19
Почтаи электронии Намояндагӣ: prmstj@mail.ru
