КАСБ ОМӮЗЕД ВА ДАР БОЗОРИ МЕҲНАТ РАҚОБАТПАЗИР БОШЕД
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба иттилои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки бо мақсади аз бар намудани касб ва ихтисосҳои муосир ҷавобгу ба бозори меҳнати Федератсияи Россия дар муассисаҳои миёнаи касбӣ, олии касбӣ ва марказҳои омоданамоии ҳунармандон курсҳои кутоҳмуддати 3 моҳа, 6 моҳа ва яксола фаъолият доранд, ки шаҳрвандон метавонанд вобаста ба реҷаи фаъолияти корӣ ба муассисаҳои мазкур дохил гардида, касбу ҳунар ва ихтисосҳои муосирро аз худ намояд.
Дар ин замина, шаҳрвандон метавонанд бо мақсади азхудкунии касби муосир ва ихтисос вобаста ба талаботи бозори меҳнат ба муассисаи наздиктарини ҷойи зисти худ муроҷиат намуда, пас аз анҷоми фаъолияти меҳнатӣ ба омӯзиш машғул гарданд.
Омӯзиши касбу ҳунар ва азбарнамоии ихтисосҳо вобаста ба талаботи бозори меҳнати кишвари қабулкунандаи қувваи корӣ имконият фароҳам меоварад, ки шаҳрвандон бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, дар бозори меҳнати қабулкунандаи қувваи корӣ рақобатпазир бошед.
Дар доираи барномаҳои таълимии касбӣ шумо аз касбу ҳунари нав, ташаккул додани малакаҳои касбӣ ва рақобатпазирии худро дар бозори меҳнати кишвари қабулкунандаи қувваи корӣ мустаҳкам намуда, имкониятҳои фаровонро бароятон фароҳам меоварад.
Ҳамзамон, иттилоъ медиҳем, ки дар заминаи дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади соҳибкасб намудани аҳолии кишвар дар назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии «Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир» фаъолият менамояд, ки зерсохторҳои муассисаи мазкур дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фаъолият доранд, ки шаҳрвандон метавонанд вобаста ба масъалаи касбомӯзӣ ба муассисаҳои мазкур муроҷиат намоянд.
Дар ҳолати пайдо гардидани саволҳо метавонед ба Намояндагӣ барои гирифтани машварат ва тавсияҳои ҳуқуқии ройгон муроҷиат намоед.
