ЗИЁДА АЗ 9 ҲАЗОР НАФАР, КИ МУСТҚИМАН БА НАМОЯНДАГӢ МУРОҶИАТ НАМУДАНД, БО ҶОЙИ КОРИ ДОИМӢ ТАЪМИН ГАРДИДАНД

Яке аз самтҳои асосӣ ва афзалиятноки фаъолияти Намояндагӣ мусоидат бо ҷойи кори муносиб, фароҳам овардани шароити арзандаи меҳнатӣ, таъмини кафолатҳои иҷтимоӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии муҳоҷирони меҳнатӣ ба ҳисоб меравад.
Дар ин замина, Намояндагӣ бо мақсади татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ, танзими раванди бокортаъминкунӣ ва густариши ҳамкориҳо бо корфармоёни Россия пайваста тадбирҳои амалиро роҳандозӣ намуда, ҷиҳати фароҳам овардани имкониятҳои нави шуғли қонунӣ ва устувори шаҳрвандон фаъолияти мақсаднокро роҳандозӣ менамояд.
Қобили таъкид аст, ки дар асоси муроҷиати мустақим ба Намояндагӣ дар давоми 10 моҳи соли 2026 дар маҷмӯъ 9 052 нафар шаҳрвандон — муҳоҷирони меҳнатӣ дар ҳудуди Россия бо ҷойҳои кори доимӣ ва шароити арзандаи меҳнатӣ таъмин гардида, дар ин замина 32 523 239 рубл пули нопардохти музди меҳнати муҳоҷирони меҳнатӣ баргардонида шуд.
Дар доираи ин фаъолият масъулини Намояндагӣ бо намояндагони корхонаю ташкилотҳо ва сохторҳои дахлдори кишвари иқомат мулоқоту гуфтушунидҳои корӣ баргузор намуда, масъалаҳои ҷалби қувваи корӣ, муайян намудани ҷойҳои холии корӣ, мутобиқати тахассуси шаҳрвандон ба талаботи бозори меҳнат, таъмини музди меҳнати муносиб, риояи қоидаҳои бехатарӣ дар истеҳсолот, пардохти саривақтии музди меҳнати муҳоҷирони меҳнатӣ ва иҷрои уҳдадориҳои корфармоёнро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.
Намояндагӣ хотиррасон менамояд, ки фаъолияти меҳнатии қонунӣ, доштани шартномаи расмӣ, риояи талаботи қонунгузории муҳоҷират ва огоҳӣ аз ҳуқуқу уҳдадориҳои худ аз омилҳои муҳими пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ, ҳифзи манфиатҳои шаҳрвандон ва таъмини суботи иҷтимоии онҳо дар кишвари иқомат мебошанд.
Бо мақсади мусоидат ба бокортаъминкунӣ ва гирифтани машваратҳои ҳуқуқии ройгон шаҳрвандон метавонанд тавассути воситаҳои зерин ба Намояндагӣ муроҷиат намоянд:
• Рақами ягонаи бисёрхизматрасонӣ: +7 (495) 967-98-44
• Хатти оҷил: +7 (999) 912-58-68
• Иртибот тавассути WhatsApp ва Telegram
• Сомонаи расмӣ: www.tajmigration.ru
• Реҷаи корӣ: аз соати 9:00 то 18:00
