Ба муҳтаво гузаред
Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират

ТАМОС
Асосӣ / Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд

10 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд.

Дар фурудгоҳи “Внуково-2”-и шаҳри Москва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Федератсияи Русия пазироӣ карданд.

Зимни ин сафар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи навбатии Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок менамоянд.