ҚАДРДОНИИ ТАБИБОНИ ТОҶИКТАБОРИ РОССИЯ БО ИФТИХОРНОМАИ ФАХРӢ

ҚАДРДОНИИ ТАБИБОНИ ТОҶИКТАБОРИ РОССИЯ БО ИФТИХОРНОМАИ ФАХРӢ

Бо ибтикори Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират дар ҳамбастагӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор олимону кормандони тоҷиктабори муқими Федератсияи Россия бо ифтихорномаи фахрии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
Ифтихорномаи фахрӣ барои олимону кормандони тиббии тоҷиктабори муқими Федератсияи Россия барои хизматҳои бенуқсон, омода намудани кадрҳои баландихтисос, хидмати содиқонаву софдилона, таҳкими дӯстии халқҳои тоҷику рус ва саҳми арзанда дар рушди муносибатҳои бародарии Тоҷикистону Россия сарфароз гардонида шуданд.
Бо ифтихорномаи фахрии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҳавзаи федералии Марказӣ Одинаева Нисо Ҷумаевна, доктори илмҳои тиб, профессор, директори “ГБУЗ МО институти клиникии илмӣ-тадқиқотии кӯдакии Вазорати тандурустии вилояти Москва”, Зокиров Нуралӣ Зоирович — педиатр, нефрологи кӯдакон, доктори илмҳои тиб, профессор, Қодиров Зиёратшо Абдуллоевич — профессор, доктори илмҳои тиб, мудири кафедраи урологияи эндоскопии факултети такмили ихтисоси кормандони тиби Донишгоҳи дӯстии халқҳои Россия, Муллабаев Нозим Сатторович -табиб — уролог, бемористони “Боткинская”, Ғафуров Фурқат Собирович – номзади илмҳои тиб, роҳбари маркази рагҳои беморхонаи давлатии шаҳри Егоровски вилояти Москва, Яров Раҳимҷон Раҳмонҷонович – дандонпизишк, роҳбари клиникаи “СИТИ-СМАЙЛ» дар фазои тантанавӣ сарфароз гардонида шуданд.
Дар Ҳавзаи Федералии Урал як қатор табибони тоҷиктабор, ки дар муассисаҳои тиббии ин минтақаи Федератсияи Россия, аз ҷумла Ибодуллоев Хушбахт Убайдуллоевич, Холиков Ахлиддин Бобохонович, Набиев Ҳусейн Лолаевич, Файзуллоев Сулаймон Сайфуллоевич, Занҷирбеков Парвона Лалбекович, Холиқов Аҳлиддин Бобохонович, Муродова Гулистон Умаралиевна, Ҷабборов Ҷамшед Очилдиевич, Қурбонов Ҷовид Муҳаммадиевич, Ёрматов Абдусамад Ваҳобович ва Асомидинов Абдуқудус Алиакбарович дар маросими тантанавӣ сарфароз гардонида шуданд.
Дар баробари ин як қатор табибон дар Ҳавзаи федералии Сибир ва Приволжие низ бо ифтихорнома қадрдонӣ карда шуданд, ки иқдоми мазкурро табибони тоҷиктабор бо хушнудӣ ва ифтихори баланд қабул намуданд. Дар ин минтақа, Сангинов Абдуғаффор корманди Донишгоҳи тадқиқоти илмии травматология ва ортопедияи ш. Новосибирск ба номи Я.Л. Цивян, Бобоев Меҳроҷиддин Мадаминович — номзади илми тиб, уролог – онколог дар Бемористони вилоятии клиникии ш. Новосибирск, Асалов Ҷовид Мирсаидович, уролог – онколог дар бемористони вилоятии клиникии Ш. Новосибирск, Мулоджонов Джахонгир Мамуржонович, уролог -гастроэксперт, дар “Маркази ҷароҳии эндоскопӣ ” дар шаҳри Новосибирск, инчунин Вакасов Муҳсин Муҳиддинович, Боронов Джамшед Бойназарович — мудири шуъбаи терапевтӣ дар Нижний Новгород, Саломов Юсуфджон Баладжонович қадрдонӣ шуданд.
Дар шаҳри Санкт -Петербург ва вилояти он низ табибони хизматнишондода бо ифтихорнома сарфароз гардонида шуданд, ки аз иқдоми мазкур изҳори хушнудӣ намуданд.
Бо мусоидати масъулини Намояндагӣ дар Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб ба Саймуродова Нуринисо Давлатовна, Ходжаев Джамшед Саидахмадович, Гуркина Наргис Шамсиддиновна, ⁠Азимов Фирузджон Хазраткулович ва Шоназарова Умеда Самандаровна ифтихорномаҳо супорида шуданд.
Табибони тоҷиктабори муқими Федератсияи Россия аз иқдоми мазкур изҳори миннатдории самимии худро ба Роҳбарияти Олии кишвар, махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати қадрдонӣ баён намуда, иброз доштанд, ки мо ворисони арзандаи Ибни Сино дар ҳар нуқтаи олам барои рушди илми тиб, саҳмгузорӣ дар рушди муносибатҳои байнифарҳангӣ ва омода намудани кадрҳои баландихтисос дар дохил ва хориҷи кишвар саҳмгузорӣ менамоем.
Воқеан, табибони тоҷиктабори муқими Федератсияи Россия дар ин самт хизмати содиқонаву софдилона намуда истода, мардуми муқимӣ аз фаъолият ва тартиби корбурди онҳо бо хушнудӣ истиқбол менамоянд.