Ҳамватанони гиромӣ!

Ҳамватанони гиромӣ!

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба иттилои Шумо мерасонад, ки аз 5 феврали соли 2025 Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия Феҳристи шахсони назоратшавандаро (ФШН)-ро роҳандозӣ намуд. Ба ҳолати ноябри соли 2025 дар он зиёда аз 150 ҳазор шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт шудаанд.

Чӣ тавр худро дар ФШН санҷидан мумкин аст

Пайванд: https://гувм.мвд.рф/rkl

Ворид кунед: Ному насаб (бо забони русӣ), санаи таваллуд, шаҳрванди «Ҷумҳурии Тоҷикистон». Санҷиш ройгон аст ва ҳамагӣ 10 сония вақт мегирад.

Сабабҳои ворид шудан ба реестр

• Анҷом ёфтани муҳлати патент, ИБИМ (РВП), ИБИ (ВНЖ) ё қайдгирӣ

• Сари вақт тамдид накардани ҳуҷҷатҳо

• Бекор шудани патент бинобар қонуншиканиҳои маъмурӣ

Паёмадҳо

• Уҳдадоранд дар давоми 15 рӯз Русияро тарк кунанд

• Мамнуъияти вуруд барои муддати муайян

• Депортатсия ва ҷарима ба корфармо

Агар шумо дар реестр бошед, чӣ бояд кард

1.Агар асос вуҷуд дошта бошад, фавран ба шуъбаҳои ноҳиявии Сарраесати муҳоҷиратии ВКД (ГУВМ ВКД)-и Русия барои додани ариза муроҷиат кунед.

2.Дар муҳлати муқарраршуда ихтиёран кишварро тарк намоед (то ки мамнуъияти вуруд нагиред).

Ҳолати худро мунтазам санҷед, ҳуҷҷатҳоро сари вақт тартиб диҳед ва онҳоро саривақтона тамдид намоед!

Иловатан ба маълумоти шаҳрвандон расонида мешавад, ки дар ҳолати пайдо шудани саволҳо, метавонанд ба Намояндагӣ аз соати 09:00 то 18:00 бо рақамҳои зерин муроҷиат намоянд:

1. Ҳавзаи федералии Марказӣ, ш. Москва: +7 (967) 271-02-02, +7 (988) 676-00-00, +7 (966) 031-22-22, +7 (936) 174-19-92, +7 (926) 586-03-00 ва шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” +7 (999) 912-58-68;

2.Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Уфа: +7 (926) 311-52-53;

3.Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш. Санкт-Петербург: +7 (977) 963-25-69;

4.Ҳавзаи федералии Сибири Ғарбӣ, ш. Новосибирск: +7 (901) 344-77-77 ;

5.Ҳавзаи федералии Сибири Шарқӣ, ш. Иркутск: +7 (929) 388-54-11;

6.Ҳавзаи федералии Шарқи Дур, ш. Хабаровск: +7 (909) 809-55-48.

7. Намоянда дар минтақаи Урал, ш. Екатеринбург +7 (999) 341-45-99

8. Роҳбари ҷамъият дар минтақаи Шарқи Дур, ш. Хабаровск +7 (909) 809 55 48

Почтаи электронии Намояндагӣ:

🌐 prmstj@mail.ru