Корҳои фаҳмондадиҳӣ ва иттилоотию пешгирикунанда дар маркази савдои «Тёплый Стан»
4 марти соли ҷорӣ дар маркази савдои «Тёплый Стан» масъулини Намояндагӣ дар ҳамкорӣ бо намояндаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Зиёзода корҳои фаҳмондадиҳӣ ва иттилоотию пешгирикунандаро бо муҳоҷирони меҳнатӣ — шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳудуди маркази савдо фаъолият менамоянд, баргузор намуданд.
Зимни чорабинӣ талаботи қонунгузории муҳоҷиратии Федератсияи Россия ва меъёрҳои интизоми меҳнат ба ҳозирин шарҳ дода шуданд. Ҳамчунин ба масъалаҳои пешгирӣ аз кирдорҳои номатлуби ҷомеъа, аз он ҷумла муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, терроризм, экстремизм, инчунин ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро ва дорои хусусияти тахрибкорона, аз ҷумла тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Дар анҷоми вохӯрӣ ба иштирокчиён маводи иттилоотӣ тақсим гардида, рақамҳои тамоси хатти оҷилии Намояндагӣ барои гирифтани машварат ва дастгирии фаврӣ пешниҳод карда шуданд. Вохӯрӣ дар фазои созанда баргузор гардида, шаҳрвандон ба саволҳои худ посухҳои муфассал гирифтанд ва барои ташкили чунин чорабинӣ изҳори сипос намуданд.


