Шодбошии Намояндагӣ бахшида ба Рӯзи Модар
Муҳтарам модарону хоҳарони гиромӣ!
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бо камоли хушнудӣ ва самимияти беандоза Шуморо ба муносибати Рӯзи Модар табрик менамояд.
Модар– сарчашмаи меҳру муҳаббат, рамзи садоқат, сабру таҳаммул ва чароғи хонадон аст. Бо заҳмати шабонарӯзӣ ва дуои неки худ Шумо на танҳо фарзандони солеҳ, балки ҷомеаи солиму ободро тарбия менамоед. Нақши Шумо дар таҳкими оила, пойдории арзишҳои миллӣ ва тарбияи насли наврас бениҳоят бузург ва арзишманд мебошад.
Дар ин рӯзи фархунда ба ҳар яки Шумо тансиҳатӣ, умри дароз, рӯзгори осуда, хушбахтии хонаводагӣ ва комёбиҳои беназир орзу менамоем. Бигзор меҳру муҳаббат ва эҳтироме, ки Шумо сазоворед, ҳамеша Шуморо иҳота намояд ва ҳар рӯзатон чун баҳори нав пур аз шодӣ ва шукуфоӣ бошад.
Бо эҳтиром,
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират
