Даъват ба кор дар ширкати «АртБотаника» (BUGAEV Parks & Gardens)

Даъват ба кор дар ширкати «АртБотаника» (BUGAEV Parks & Gardens)

Намояндагӣ ба иттилои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки ширкати «BUGAEV Parks & Gardens» (ҶДММ «АртБотаника») фаъолияти худро дар соҳаи лоиҳакашӣ ва сохтмони иншооти боғу хонаи маҳаллӣ амалӣ менамояд. Айни замон ширкат ба ҷалби мутахассисони соҳибихтисос ва коргарони умумӣ ниёз дорад.
Шароити пешниҳодшаванда барои кормандон:
1. Таъмини ҷойи зист.
2. Мавҷудияти инфрасохтори санитариву маишӣ (душхона, дастшӯйӣ ва ҳоҷатхонаҳо).
3. Таъмини ғизои ташкилшуда (ошхона бо ошпазон).
4. Пардохти хароҷоти вобаста ба гирифтани патент аз ҷониби корфармо, инчунин пардохти ҳармоҳаи арзиши он.
5. Расонидани кормандон ба ҷойи кор тавассути нақлиёти хизматӣ (автобус).
6. Пардохти музди меҳнат дар асоси шартномаҳои меҳнатии басташуда, тавассути лоиҳаи музди меҳнат ба кортҳои бонкӣ.
7. Ҳаҷми музди меҳнат вобаста ба тахассуси корманд муайян гардида, аз 75 000 то 120 000 рублро ташкил медиҳад.
8. Таъмини кормандон бо либоси махсуси корӣ ва воситаҳои ҳифзи инфиродӣ.
Талабот ба кормандон (аз рӯи ихтисос):
• Сангчин — 10 нафар;
• Боғбон (нигоҳубини растаниҳо) — 5 нафар;
• Ронанда (бо шаҳодатномаи ронандагии ФР) — 1 нафар;
• Барқчӣ (Электрик) — 5 нафар;
• Коргари умумӣ (заминкан) — 5 нафар.
Рақамҳо барои тамос:

+79776220654 – Одинаев Ривоҷ
+79036679191 – Раҳматов Раҷабалӣ