Корҳои фаҳмондадиҳӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ дар шаҳри Москва

Корҳои фаҳмондадиҳӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ дар шаҳри Москва

Дар доираи баргузории корҳои иттилоотӣ ва фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби масъулини Намояндагӣ мулоқотҳо бо муҳоҷирони меҳнатӣ — шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври мунтазам баргузор мегарданд.
Ҳамин тавр, 8 июни соли ҷорӣ мулоқот бо муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар иншооти сохтмонии ширкати ҶДММ «Стройтехкомплект»-и шаҳри Москва фаъолият намуда, ба корҳои сохтмонӣ машғул мебошанд, баргузор гардид.
Дар ҷараёни мулоқот ба шаҳрвандон зарурати риояи қатъии қонунгузории муҳоҷиратии кишвари иқомат, эҳтиром ба фарҳанг, анъанаҳо ва арзишҳои маъмули ҷомеаи қабулкунанда фаҳмонида шуд. Ҳамзамон, ба масъалаҳои риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, бехатарӣ дар ҷойи кор, инчунин ҳушёрӣ ва эҳтиёткорӣ ҷиҳати пешгирӣ аз ҷалб шудан ба гурӯҳҳои гуногуни тахрибкор ва фаъолияти ғайриқонунӣ диққати махсус дода шуд.
Дар анҷоми мулоқот иштирокчиён саволҳои худро пешниҳод намуда, ба онҳо ҷавобҳои муфассал дода шуданд.
Дар ҳолати пайдо шудани саволҳо, метавонед ба Намояндагӣ бо рақамҳои зерин муроҷиат намоед:

  1. Ҳавзаи федералии Марказӣ, шаҳри Москва, кӯчаи Чаянова, 3/40,
    +7 (967) 271-02-02, +7 (988) 676-00-00, +7 (966) 031-22-22, +7 (936) 174-19-92, +7 (926) 586-03-00 ва шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” ва Телеграмм: +7 (999) 912-58-68; Реҷаи корӣ аз 9:00 то 18:00.
  2. Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Қазон: +7 (926) 311-52-53;
  3. Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш. Санкт-Петербург: +7 (977) 963-25-69;
  4. Ҳавзаи федералии Сибири Ғарбӣ, ш. Новосибирск: +7 (901) 344-77-77;
  5. Ҳавзаи федералии Ҷанубӣ, ш. Астрахан: +7 (929) 388-54-11;
  6. Ҳавзаи федералии Урал, ш. Екатеринбург: +7 (999) 341-45-99;
  7. Роҳбари Ҷамъият дар минтақаи Шарқи Дур, ш. Хабаровск: +7 (909) 809 55 48;
  8. Роҳбари Ташкилоти Ҷамъиятӣ дар Ҷумҳурии Саха: +7 924 463-55-19

Почтаи электронии Намояндагӣ: prmstj@mail.ru
Телеграм: https://t.me/predmintrud_rt_rf