БОКОРТАЪМИНКУНӢ ВА ҲИФЗИ ҲУҚУҚУ МАНФИАТҲОИ МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ ДАР ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ

БОКОРТАЪМИНКУНӢ ВА ҲИФЗИ ҲУҚУҚУ МАНФИАТҲОИ МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ ДАР ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ

Яке аз самтҳои асосии фаъолияти кории Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандон дар Россия буда, дар ин самт пайваста бо субъектҳои хоҷагидор, корфармоёни хурду бузург, намояндагони ташкилотҳои бокортаъминкунӣ, вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ мулоқоту вохӯриҳои судманд роҳандозӣ гардида, дар ин самт натиҷаҳои назаррас ба даст омадааст.

Дар натиҷаи сиёсати созанда ва тадбирҳои андешидаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шарики боэътимоду стратегӣ — Россия ҳамкориҳои дуҷониба дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида, дар ин кишвар барои фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикстон шароити созгор ва арзанда фароҳам оварда шудааст.

Дар иртибот ба кортаъминкунии шаҳрвандонамон дар давоми соли 2026 аз ҷониби масъулини Намояндагӣ бо корфармоёни зиёда аз 42 мулоқоту вохӯриҳои судманд баргузор гардида, зимни он масъалаҳои омода намудани кадрҳо дар Тоҷикистон вобаста ба тахассусҳои бозорталаби меҳнат, бо ҷойи кор таъмин намудан ва ҳамзамон масъалаҳои ҳифзу ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, таъмини кафолатҳои иҷтимоӣ ва пешгирии ҳолатҳои нохуш дар истеҳсолот мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор дода шудааст. Дар ин замина, корфармоён аз фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони мо қаноатманд буда, баҳри таҳкими ҳамкориҳо таклифу пешниҳодҳои худро манзур менамоянд.

Бештари субъектҳои хоҷагидори истеҳсолӣ, сохтмонӣ, хизматрасонию маишӣ ва истеҳсоли таҷҳизотҳои табобатию солимгардонӣ, дархости қувваи корӣ намуда, хоҳони тақвияти ҳамкорӣ дар самти таъмини қувваи корӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Ҳамзамон, дархост дар самти қувваи кории мавсимӣ ба Намояндагӣ ворид гардида, шаҳрвандони мо дар самтҳои гуногуни кишоварзӣ ва чорводорӣ фаъолият низ менамоянд.  

Дар давоми соли 2026 аз ҷониби корфармоёни Россия зиёда аз 30 адад дархости ба 30 000 коргар пешниҳод гардид ва аз ҷониби масъулини Намояндагӣ 7028 нафар, ки мустақиман ба Намояндагӣ муроҷиат намуданд,   бо ҷойи кор бо шароити арзанда ва таъмини кафолатҳои ҳуқуқиву иҷтимоӣ  таъмин гардиданд. Ин нишондиҳандаи оморӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 — 332,75% ва нисбат ба ҳамин давраи соли 2022  — 368% зиёд мебошад.

Дар ин раванд шаҳрвандон метавонанд ба дафтари Намояндагӣ (кӯчаи Чаянова 3/40) ташриф оварда, барои ҷойи кори муносиб дархост намоянд ё метавонанд, ки тавассути сомонаи расмии Намояндагӣ (линки мазкур барои ҷойи кор https://tajmigration.ru/ ) ё тавассути рақамҳои +7 (495) 967-98-44, +7 (999) 912-58-68 (WhatsApp” ва Телеграмм, реҷаи корӣ аз 9:00 то 18:00) муроҷиат намоянд.

Хотиррасон бояд шуд, ки дар самти нопардохти музди меҳнати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо корфармоён дар ҳудуди Федератсияи Россия баъзан мушкилотҳо ба вуҷуд омада, корфармоён саривақт музди меҳнати шаҳрвандонро пардохт намекунанд, ки ин омил нигарониро дар ин самт ба вуҷуд меорад.  

Шаҳрвандонро зарур аст, ки пеш аз оғози фаъолияти меҳнатӣ бо корфармоёни хориҷӣ ҳатман шартномаи меҳнатӣ ба имзо расонида, шартҳои фаъолият ва миқдори музди меҳнат, инчунин шартҳои тартиби анҷоми фаъолияти меҳнатиро нишон дода, як нусхаи аслии онро дар худ нигоҳ доранд, чун дар ҳолати саркашӣ намудани корфармо аз пардохти музди меҳнат тавассути муроҷиат ба мақомотҳои марбутаи кишвари иқомат имкони ситонидани маблағ пайдо гардад.

Дар ин замина, масъулини Намояндагӣ дар зарфи 8 моҳи  соли 2026 дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои марбутаи кишвари иқомат зиёда аз 24 978 452 рубли (муодил ба 2 656 924,92 сомонӣ) музди меҳнати нопардохти шаҳрвандонро баргардониданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 13,49% зиёд мебошад. Хотиррасон менамоем, ки ҳолати баргардонидани музди меҳнат нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 дар қаламрави Федератсияи Россия 148% зиёд гардидааст, ки сабабу омилҳои он гуногун мебошанд.

Дар аксар маврид пардохт нагардидани музди меҳнати муҳоҷирон аз ваъзи иқтисодии корхонаҳо вобастагӣ дошта бошад, дар мавридҳои дигар ба камсифат анҷом додани кор, саривақт насупоридани иншоот аз ҷониби муҳоҷирон ё иҷро нашудани таъмини саривақтии шартҳои корфармо мебошанд.

Вобаста ба ҳолати  мазкур ва таъмини ҳифзу ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ, танзими раванди муҳоҷират, шарҳу тафсири қонунгузории кишвари иқомат дар 8 моҳи соли 2026 аз ҷониби масъулини Намояндагӣ дар ҳавзаҳои федералии Федератсияи Россия  151 вохӯриву мулоқотҳо баргузор карда шуда, масъалаҳои муҳими муҳоҷиратӣ дар кишвари иқомат барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон фаҳмонида шуд. Инчунин дар ин давра аз ҷониби масъулини намояндагӣ бо намояндагони додситонӣ, ВКД ФР, кумитаи тафтишотӣ, шуъбаҳои полиси ҳудудӣ ва созмонҳои ҳимояи ҳуқуқӣ вохӯриҳои кориву машваратӣ баргузор гардида, таҳкими ҳамкориҳо, ҳимоя ва ҳифзу ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ, ташаккули низоми ҳамкорӣ дар самти таъмини кафолатҳои ҳуқуқӣ, баргузории чорабиниҳои муштараки ҳамкорӣ дар самти огоҳонӣ, тафсири қонунгузорӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба ин самт мавриди таҳлил, омӯзиш ва баррасии ҷонибҳо қарор дода шуда, ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо дар самтҳои болозикр омодагии хешро иброз намуданд.

Ҳамзамон, масоили самти ҷалби қувваи корӣ, таъмини ҳифзу ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, фароҳамоварии шароити корӣ, таъмини бехатарии онҳо дар истеҳсолот ва дигар масъалаҳои марбут ба самти муҳоҷирати меҳнатӣ зери таваҷҷуҳи Намояндагӣ қарор дошта, талош мекунад, ки ба ҳар як муроҷиати шаҳрвандон тадбирҳои мушаххасро дар ҳамкории пайваста ва мутақобиланд судманд роҳандозӣ намояд.