Масъулини Намояндагӣ бо донишҷӯёни Коллеҷи захираҳои обӣ вохӯрӣ намуданд

Масъулини Намояндагӣ бо донишҷӯёни Коллеҷи захираҳои обӣ вохӯрӣ намуданд

Дар доираи сафари корӣ дар Ҳавзаи Шимолу Ғарб масъулини Намояндагӣ дар Муассисаи давлатии Коллеҷи захираҳои обӣ бо роҳбарият ва муҳассилини муассисаи мазкур – шаҳрвандони Тоҷикистон вохӯрӣ намуданд.
Дар муассисаи мазкур масъулини Намояндагӣ, нахуст бо директори Коллеҷи захираҳои обӣ Андреев Валерий Евгеньевич мулоқот намуда,  иттилоъ дода шуд, ки муассисаи давлатии Коллеҷи захираҳои обӣ барои омода намудани кадрҳои коргарӣ мутобиқ ба бозори меҳнати Федератсияи Россия фаъолият намуда истода, дар он зиёда аз 55 нафара шаҳрвандонамон таҳсил намуда истодаанд. Дар вохӯрии, ҳамзамон, корманди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт – Петербург иштирок намуд.
Зимни мулоқот масъалаҳои будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, омода намудани мутахассисон ҷавобгӣ ба талаботи бозори меҳнат, таҳким ҳамкориҳои дуҷониба, баргузории вохӯриҳои судманд ҷиҳати расонидани ёрии ҳуқуқӣ мавриди муҳокимаи ҷонибҳо қарор гирифт.
Дар ин замина, масъулини Намояндагӣ дар толори маҷлисгоҳи Коллеҷи захираҳои обӣ бо зиёда аз 50 нафар шаҳрвандонамон вохӯрӣ намуда, масъалаи талаботҳои қонунгузории будубоши шаҳрвандон, танзими раванди таҳсил ва имкониятҳои мавҷуда дар муассисаи мазкур, саривақт ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои будубош, пешгирии ҳолатҳои ҷинояткорӣ дар миёни ноболиғон ва ҷавонон, гаравиш ба гуруҳҳои ифротгароӣ ва тундгароӣ, ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, равияҳои диниву мазҳабӣ, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ва нигоҳ доштани ҳолатҳои санитариву гигиенӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва ифтихори миллии онҳо, эҳтиром ба арзишҳои милливу давлатӣ, забон, фарҳанг ва осори гаронбаҳои халқи тоҷик фаҳмонида шуда, тавсия дода шуд, ки арзишҳои фарҳангӣ ва таърихи халқи кишвари иқоматро эҳтиром намуда, талаботҳои қонунгузории кишвари иқоматро риоя намоянд.
Дар идомаи суҳбат аз ҷониби муҳассилини муассисаи мазкур саволҳо оид ба раванди таълим ва будубош дар кишвари иқомат пешниҳод гардида, ба онҳо посухҳои мушаххас гардонида шуд.