АЗ 1 ОКТЯБРИ СОЛИ 2026 ТАРТИБИ ИРСОЛИ ОГОҲИНОМА БА ВКД РОССИЯ ОИД БА ФАЪОЛИЯТИ МЕҲНАТӢ ТАҒЙИР МЕЁБАД
Намояндагӣ иттилоъ медиҳад, ки аз 1 октябри соли 2026 тартиби огоҳ намудани мақомоти ҳудудии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия оид ба анҷом додани фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони хориҷӣ дар асоси иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ (патент) тағийр меёбад.
Тибқи талаботи нав, тартиби пешниҳоди огоҳинома вобаста ба мақоми ҳуқуқии корфармо муайян карда мешавад.
1. Ҳангоми кор дар назди шахси воқеӣ
Агар муҳоҷири меҳнатӣ дар назди шахси воқеӣ кор кунад, ӯ вазифадор аст мустақилона, дар муҳлати ду моҳ аз рӯзи гирифтани патент, ба мақомоти ҳудудии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия оид ба фаъолияти меҳнатӣ огоҳинома пешниҳод намояд.
2. Ҳангоми кор дар назди шахси ҳуқуқӣ
Агар муҳоҷири меҳнатӣ дар назди шахси ҳуқуқӣ кор кунад, огоҳинома оид ба бастан ва қатъ намудани шартномаи меҳнатӣ танҳо аз ҷониби корфармо ба мақомоти ҳудудии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дар муҳлати се рӯзи корӣ пешниҳод карда мешавад.
Муҳим!
Корфармоён бояд ба риояи муҳлати муқарраргардидаи пешниҳоди огоҳинома оид ба қатъ намудани шартномаи меҳнатӣ бо шаҳрванди хориҷӣ диққати ҷиддӣ диҳанд.
Барои сари вақт ба расмият даровардани муносибатҳои меҳнатӣ ва пешгирӣ намудани ҳолатҳои вайрон намудани қонунгузории муҳоҷирати Федератсияи Россия, аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки ҳангоми ба кор қабул шудан ва қатъ намудани муносибатҳои меҳнатӣ бо корфармо тартиби огоҳ намудани мақомоти дахлдори Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россияро ба инобат гиранд.
Намояндагӣ аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват менамояд, ки талаботи қонунгузории Федератсияи Россияро риоя намуда, фаъолияти меҳнатии худро танҳо дар асоси ҳуҷҷатҳои дахлдор ва бо тартиби муқаррарнамудаи қонун анҷом диҳанд.
Телефонҳо барои тамос:
1. Рақами ягонаи бисёрхизматрасонӣ: +7 (495) 967-98-44 ва рақами фаъоли хати оҷил: +7 (999) 912-58-68 инчунин пайваст ба шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” ва Телеграмм
Реҷаи корӣ аз 9:00 то 18:00
2. Ҳавзаи федералии Марказӣ, шаҳри Москва, кӯчаи Чаянова, 3/40,
+7 (929) 540-88-88, +7 (915) 150-88-82, +7 (967) 271-02-02, +7 (988) 676-00-00, +7 (966) 031-22-22, +7 (936) 174-19-92, +7 (915) 368-53-56;
2.2 Ҳавзаи федералии Марказӣ: шаҳрҳои Владимир, Иваново ва Кострама
+7 (920) 941 60 60;
4.Ҳавзаи федералии Марказӣ: вилоятҳои Твер, Смоленск ва Ярослав
+7 (923) 554 39 46;
5.Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Қазон: +7 (926) 311-52-53;
6.Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш.Санкт-Петербург: +7(977)963-25-69;
7. Ҳавзаи федералии Сибир, ш. Новосибирск: +7(901) 344-77-77;
8. Ҳавзаи федералии Ҷанубӣ, ш. Астрахан: +7(929) 388-54-11;
9. Ҳавзаи федералии Урал, ш. Екатеринбург: +7(999) 341-45-99;
10. Ҳавзаи федералии Шарқи Дур,ш.Хабаровск:+7(909) 809-55-48;
11. Минтақаи Ҷумҳурии Саха- Якутия, шаҳри Якутск: +7 (999) 217-0105, +7 (924) 361-80-33;
Почтаи электронии Намояндагӣ: prmstj@mail.ru.
