Тавсия медиҳем: Худ ва наздиконатонро аз бемориҳои сироятӣ ҳимоя намоед

Тавсия медиҳем: Худ ва наздиконатонро аз бемориҳои сироятӣ ҳимоя намоед

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия бо мақсади таъмини саломатии муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия медиҳад, ки ҳангоми иқомат дар ҳудуди Федератсияи Россия ҳолатҳои гигиениву санитариро риоя намуда, аз сироятшавӣ аз бемориҳои сироятӣ худ ва наздиконатонро ҳифз намоед.
Яке аз бемориҳои сироятӣ ин вируси норасоии масунияти одам (ВИЧ) буда, ин ба системаи масунияти организми инсон таъсири манфӣ мерасонад. Хушбахтона, имрӯз ин беморӣ табобатшаванда аст ва бо риояи қоидаҳои оддии пешгирӣ метавон аз он худ ва наздиконамонро ҳифз намоем.
Роҳҳои асосии гузариши сирояти ВНМО (ВИЧ):

  1. Роҳи ҷинсӣ — тавассути муносибатҳои ҷинсии беэҳтиётӣ, бидуни воситаҳои ҳифз (презерватив).
  2. Тавассути хун — ҳангоми истифодаи якҷояи сӯзандоруҳо ва таҷҳизоти тиббӣ, инчунин ҳангоми гузаронидани хун ё пайванди узвҳо аз шахси сироятёфта.
  3. Аз модар ба кӯдак — ҳангоми ҳомиладорӣ, таваллуд ё ширдиҳӣ, агар модар табобати заруриро нагирад.
    Дар иртибот ба ин, ба муҳоҷирони меҳнатӣ тавсия медиҳем, ки меъёрҳои пешгирӣ аз бемории мазкурро риоя намуда, ҷиҳати пешгирӣ аз ҳолатҳои мазкур ба мутахассисони соҳаи тибӣ муроҷиат намоянд. Хотиррасон менамоем, ки табобати хонагии ин беморӣ бе назорати корманди соҳаи тиббӣ натиҷа надода, ҳангоми гирифторӣ ба ин беморӣ шахсони наздики оиларо низ метавон гирифтор намуд.
    Мутахассисони соҳаи тиб роҳҳои пешгирии ин бемории сироятиро муайян намуда, чунин тавсия медиҳанд:
    • Истифодаи лилофаҳо — ҳангоми муносибатҳои ҷинсӣ;
    • Қатъан худдорӣ аз истифодаи такрории сӯзандоруҳо ва дигар асбобҳои тиббии якмаротибаистифодашаванди буранда;
    • Гузаронидани тести ВНМО ба таври мунтазам (ҳадди аққал ҳар 6 моҳ), хусусан ҳангоми тағйири шарики ҷинсӣ;
    • Муроҷиат ба муассисаҳои тиббӣ барои гирифтани маслиҳат ва табобати пешгирикунанда дар сурати эҳтимоли сироят;
    • Огоҳӣ ва маърифат — донистани роҳҳои гузариш ва пешгирӣ калиди саломатӣ аст.
    Дар қаламрави Федератсияи Россия ба ҳамаи шаҳрвандон, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ, имконияти ройгон гузаронидани тести ВНМО дар марказҳои махсуси пешгирии СПИД ва муассисаҳои тиббӣ фароҳам аст. Инчунин, дар сурати муайян шудани сироят, табобати ройгон дастрас мебошад.
    Инчунин иттилоъ медиҳем, ки тибқи таҳлилҳои лабаратории кормандони соҳаи тиб дар чунин ҳолатҳо беморӣ аз як нафар ба каси дигар намегузарад:
    • ВНМО тавассути салом кардан, оғӯш кардан, истифодаи якҷояи зарфҳои хӯрокхӯрӣ ё оби нӯшокӣ намегузарад.
    • Шахси сироятёфта метавонад солҳои зиёд солим зиндагӣ кунад, агар табобати заруриро сари вақт оғоз намояд.
    • Танҳо худи шумо метавонед саломатии худро ҳифз кунед. Ба касе, ки шуморо ба амалҳои хатарнок тавсия медиҳад, «не» гӯед.
    Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ҳамеша омода аст ба шумо дар ҳалли масъалаҳои марбут ба меҳнат, муҳоҷират ва ҳифзи иҷтимоӣ кӯмак расонад. Барои гирифтани маслиҳат ва дастгирӣ ба мо муроҷиат намоед.
    Телефонҳо барои тамос:
  4. Рақами ягонаи бисёрхизматрасонӣ: +7 (495) 967-98-44

ва рақами фаъоли хати оҷил: +7 (999) 912-58-68 инчунин пайваст ба шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” ва Телеграмм
Реҷаи корӣ аз 9:00 то 18:00
2. Ҳавзаи федералии Марказӣ, шаҳри Москва, кӯчаи Чаянова, 3/40,
+7 (929) 540-88-88, +7 (915) 150-88-82, +7 (967) 271-02-02, +7 (988) 676-00-00, +7 (966) 031-22-22, +7 (936) 174-19-92, +7 (915) 368-53-56;
2.2 Ҳавзаи федералии Марказӣ: шаҳрҳои Владимир, Иваново ва Кострама +7 (920) 941 60 60;
4.Ҳавзаи федералии Марказӣ: вилоятҳои Твер, Смоленск ва Ярослав +7 (923) 554 39 46;
5.Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Қазон: +7 (926) 311-52-53;
6.Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш.Санкт-Петербург: +7(977)963-25-69;
7. Ҳавзаи федералии Сибир, ш. Новосибирск: +7 (901) 344-77-77;
8. Ҳавзаи федералии Ҷанубӣ, ш. Астрахан: +7 (929) 388-54-11;
9. Ҳавзаи федералии Урал, ш. Екатеринбург: +7 (999) 341-45-99;
10. Ҳавзаи федералии Шарқи Дур,ш.Хабаровск:+7(914) 202-09-56;
11. Минтақаи Ҷумҳурии Саха- Якутия, шаҳри Якутск: +7 (999) 217-0105, +7 (924) 361-80-33;
Почтаи электронии Намояндагӣ: prmstj@mail.ru.