Имкони сафар ва будубоши бехатар дар Россия

Имкони сафар ва будубоши бехатар дар Россия

Вобаста ба пурзӯр гардидани назорат ва ворид шудани тағйирот ба қонунгузории Россия, тавсия дода мешавад, ки пеш аз сафар ҳамаи расмиёти заруриро риоя намоед.

Аз ҷумла, аз хизматрасониҳои Намояндагии Хадамоти шиносномавию раводиди ВКД-и Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Айни 121 истифода бурда, расмиёти дактилоскопия ва расмгирӣ, муоинаи тиббӣ ва инчунин санҷиши вазъи ҳуқуқиро пешакӣ гузаред.

Ҳамчунин, барои воридшавии бемонеа ва бароҳат ба қаламрави Федератсияи Россия тавсия дода мешавад, ки қаблӣ тавассути замимаи мобилии «Госуслуги RUID» ариза пешниҳод намуда, QR-рамзи заруриро дастрас намоед. Дастурамал оид ба истифодаи замима дар пайванди зерин дастрас аст:
https://www.gosuslugi.ru/help/faq/ruID_app/906631

Истифодаи ин хизматрасониҳо вақтро сарфа намуда, раванди убури сарҳадро осонтар гардонида, зарурати аз нав гузаштани бақайдгирии биометрӣ, дактилоскопия ва муоинаи тиббиро дар қаламрави Федератсияи Россия бартараф менамояд.