Боздид аз корхонаҳои истеҳсолии «Таткабел» ва ҶДММ «Заводи электротехникаи ш. Зеленодолск»
Масъули Намояндагӣ аз корхонаҳои истеҳсолии «Таткабел» ва ҶДММ «Заводи электротехникаи ш. Зеленодолск» боздид ба амал овард. Дар ҷараёни сафар бо раванди технологӣ, ташкили истеҳсолот ва шароити меҳнат дар корхонаҳо шиносоӣ гардида, мулоқот бо роҳбарияти ширкатҳо баргузор шуд: бо директори тиҷоратии корхонаи истеҳсолии «Таткабель» Самигулин Илнар Илдарович, инчунин бо директори ҶДММ «Заводи электротехникаи ш. Зеленодолск» Аглиулин Денис. Ҷонибҳо дурнамои ҳамкориро баррасӣ намуда, таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Созишномаи ҷалби муташаккилона зоҳир намуданд.
Ҳамзамон масоили шароити ба кор қабул кардан, сатҳи музди меҳнат, таъмини манзил, кафолатҳои иҷтимоӣ ва мутобиқшавии кормандон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар натиҷаи гуфтушунидҳо ҷонибҳо омодагии худро барои рушди ҳамкории мутақобилан судманд ва идомаи ҳамкорӣ дар самти ҷалби муташаккилонаи қувваи корӣ изҳор намуданд.
