ТАЪМИНИ МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ БО ҶОЙИ КОРИ МУНОСИБ ДАР ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ

ТАЪМИНИ МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ БО ҶОЙИ КОРИ МУНОСИБ ДАР ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ

Намояндагӣ  ба маълумоти шаҳрвандони Тоҷикистон мерасонад, ки яке аз самтҳои асосии фаъолияти корӣ ин таъмини муҳоҷирони меҳнатӣ бо ҷойи кори доимӣ буда, дар семоҳаи аввали соли 2026 зиёда аз 1815 нафар, ки мустақиман муроҷиат карданд, дар субъектҳои хоҷагидории Россия бо ҷойҳои кори доимӣ ва мавсимӣ таъмин карда шуданд.
Намояндагӣ бо ин мақсад дар доираи созишномаҳои дуҷониба, ёддоштҳои тафоҳум пайваста тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуда, бо корфармоёни хӯрду бузург, ки шароити арзандаро барои шаҳрвандони Тоҷикистон пешниҳод менамоянд, мулоқотҳо доир менамояд.
Ҳамзамон ҷиҳати амалии таъмини ҳифзу ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ, таъмини ҳолатҳои санитариву гигиенӣ дар ҷойи хобу кор, танзими раванди фаъолияти меҳнатӣ, таъмини кафолатҳои ҳуқуқии шаҳрвандон ҳамеша бо мақомотҳои марбутаи Федератсияи Россия ва корфармоён дар музокироти созанда буда, дар ин самт тадбирҳои амалӣ роҳандозӣ шуда истодааст.  
Намояндагӣ ба иттилои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо мақсади фаъолияти меҳнатӣ ба Федератсияи Россия меоянд, мерасонад, ки барои дарёфти ҷойи кори муносиб метавонанд ба рақамҳои зерин муроҷиат намоянд:
Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ:
 +992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89;
 Агентии ба кортаъминкунии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ:
+992 (918) 88 86 79;
  Намояндагии Вазорат дар Федератсияи Россия:
+7 (495) 967-98-44
+7 (999) 912 58 68,
+7 (988) 676 00 00,  +7 (936) 174 19 92;