ШОДБОШӢ БАХШИДА БА РӮЗИ МЕҲНАТКАШОН!

ШОДБОШӢ БАХШИДА БА РӮЗИ МЕҲНАТКАШОН!

Ҳамкорони арҷманд!
Ҳамватанони гиромӣ!
Шуморо бо Рӯзи байналмилалии ҳамбастагии меҳнаткашон самимона табрик менамоем!
Ин ҷашн рамзи эҳтиром ба меҳнати созанда, ваҳдат ва дастгирии мутақобилаи намояндагони касбу кори гуногун ва наслҳои мухталиф мебошад. Бо шарофати заҳмати пурмашаққат, масъулиятшиносӣ ва меҳнатдӯстии шумо дар рушди иқтисод, таҳкими дӯстӣ ва ҳамкориҳои байни кишварҳои мо саҳми назаррас гузошта мешавад.
Ба ҳар яки шумо барои меҳнати арзанда, сабру таҳаммул ва садоқат ба касби худ изҳори сипос менамоем. Ба шумо сиҳатии комил, рӯзгори обод, субот, боварӣ ба фардои дурахшон ва дастовардҳои нави касбӣ орзумандем.
Бигзор меҳнати шумо ҳамеша қадр карда шавад ва дар хонадонатон сулҳу ваҳдат ва фаровонӣ ҳукмфармо бошад!
Бо эҳтиром,
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират