Мусоидати баргардонидани музди меҳнати шаҳрвандонамон

Мусоидати баргардонидани музди меҳнати шаҳрвандонамон

Намояндагӣ оид ба нопардохти музди меҳнат иттилоъ медиҳад, ки дар семоҳаи аввали соли 2026  аз ҷониби масъулин дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои марбутаи кишвари иқомат 8 186 757 (ҳашт миллиону яксаду ҳаштоду шаш ҳазору ҳафтсаду панҷову ҳафт) рубл баргардонида шуд.
Иттилоъ медиҳем, ки нопардохти музди меҳнати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави Федератсияи Россия нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 коҳиш ёфта, сабаб ва омилҳои коҳишёбии ҳолатҳои мазкур ин ҳамкории пайвастаи Намояндагӣ бо мақомоти назораткунандаи соҳаи давлатии кишвари иқомат буда, дар соли ҷорӣ назорат ҷиҳати танзими пардохти музди меҳнати шаҳрвандони хориҷӣ дар Россия пурзӯр карда шуда, раванди қонунии будубош ва фаъолияти меҳнатии муҳоҷирони меҳнатӣ дар кишвари иқомат пайваста танзим карда мешавад.
Ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия дода мешавад, ки пас аз дарёфт намудани иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ (патент) бо корфармоён шартномаи меҳнатӣ баста, як нусхаи аслии онро ҳатман дар худ ҳифз намоед. Шартномаи меҳнатӣ бо корфармо кафолати фаъолияти меҳнатии ҳар корманд буда, талаботҳои қонунии кишвари иқоматро таъмин менамояд.
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад, ки дар ҳолати пеш омаданӣ мушкилот метавонанд ба Намояндагӣ ба мутахассисони соҳа муроҷиат намоянд.
Рақамҳо барои тамос: +7 999 912-58-68