ҲИМОЯИ МАНФИАТҲОИ МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ ВА ШАРОИТИ МУНОСИБИ КОРӢ
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират фаъолияти Комбинати коркарди гӯшти Щёлково (МПК Щёлково)-ро ҳамчун яке аз бузургтарин корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти нимтайёри гӯштии вилояти Москва баҳои мусбат медиҳад.
Мавриди зикр аст, ки ширкати мазкур муносибати мутавозин ва масъулона нисбат ба ташкил ва идоракунии меҳнати коллективи кормандонро роҳандозӣ намуда, шаффофият ва ошкорбаёнӣ дар равандҳои ба кор қабул кардан, таъмини саривақтии пардохти музди меҳнат ва пешниҳоди доираи васеи кафолатҳои иҷтимоиро таъмин менамояд. Дар корхона сиёсати муҳити солим, устувор ва бисёрмиллатӣ пайгирона татбиқ гардида, айни замон дар он шаҳрвандони 28 давлати ҷаҳон фаъолият доранд, аз ҷумла намояндагони ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ, бахусус шумораи зиёди шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Яке аз ҷанбаҳои муҳими фарҳанги корпоративии корхона эҳтиром ба арзишҳои фарҳангӣ ва расму оинҳои мардумӣ буда, расму оинҳо ва маросимҳои халқии кормандон ҳифз ва таҷлил карда мешаванд. Ба сифати мисол метавон баргузории чорабиниҳои васеъ бахшида ба ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла Наврӯз, Меҳргон, инчунин ҷашни Иди Қурбони имсоларо зикр намудан зарур аст, ки дар он зиёда аз 200 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ иштирок намуда, дар доираи ҷашн ба кормандон мукофотпулиҳо ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардиданд, ки ин далели таваҷҷуҳи корфармо ба арзишҳои маънавии кормандон мебошад.
Комбинати коркарди гӯшти Щёлково инчунин узви Феҳристи корфармоёни масъули Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бо Муассисаи давлатии «Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа» созишномаи амалкунанда дорад, ки ин сатҳи баланди эътимод ва мутобиқат ба меъёрҳои муқарраршударо дар самти ҷалб ва ҳифзи муҳоҷирони меҳнатӣ тасдиқ менамояд.
Корхона фаъолона ҷалби қувваи кории хориҷиро, аз ҷумла шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказиро дастгирӣ намуда, барои фаъолияти меҳнатӣ, мутобиқшавии иҷтимоӣ ва рушди касбии онҳо шароити мусоид фароҳам меорад. Ҳамзамон, ҳамкории самараноки ширкат бо Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия дар самти ҷалби муташаккилонаи қувваи корӣ махсус таъкид мегардад, ки ба рушди муҳоҷирати қонунии меҳнатӣ ва таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба мусоидат менамояд.
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии худро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкорӣ бо Комбинати коркарди гӯшти Щёлково изҳор намуда, талошҳои ширкатро дар самти ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ дастгирӣ менамояд
