ҶОЙҲОИ КОРИИ АРЗАНДА ДАР ШИРКАТИ «АЯКС ИНЖИНИРИНГ»

ҶОЙҲОИ КОРИИ АРЗАНДА ДАР ШИРКАТИ «АЯКС ИНЖИНИРИНГ»

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират иттилоъ медиҳад, ки Ҷамъияти саҳҳомии (АО) «Аякс Инжиниринг» қабули кормандонро ба ҳайси коргарони умумӣ (ёрдамчиён) эълон намудааст.
Тибқи иттилои ширкати мазкур, ҷойи кор дар вилояти Амур, ноҳияи Свободненский ва маош аз 130 000 рубли русиро ташкил медиҳад.
Бояд қайд кард, ки ба ширкат айни замон 30 нафар коргарони умумӣ (ёрдамчиён) зарур мебошанд.
Пардохти музди меҳнати кормандон ду маротиба дар як моҳ ба корти бонкӣ, ки дар доираи лоиҳаи маошӣ барои кормандон кушода мешавад, ба таври пурра анҷом дода мешавад.
Ширкат иҷрои пурраи талаботи қонунгузории муҳоҷиратӣ ва меҳнатии Федератсияи Россия, инчунин пардохти саривақтии музди меҳнат, фароҳам овардани шароити зист ва таъмини ғизои кормандонро кафолат медиҳад.
Хароҷоти роҳкиро аз Ватан то минтақаи фаъолият, гирифтани патент ва маблағи ҳармоҳаи он, бақайдгирии муҳоҷиратӣ, ҷойи хоб, хӯрок ва омӯзиш пурра аз ҳисоби корфармо пардохт мегардад.
Рақамҳои тамоси масъулини ширкат: +79771305941 — Алимова Ирина, мутахассиси шуъбаи кадрҳо.
Ба маълумоти шаҳрвандон расонида мешавад, ки дар ҳолати пайдо шудани саволҳо дар ин самт метавонанд ба Намояндагӣ бо рақамҳои зерин муроҷиат намоянд: +74959679844 ва шабакаи иҷтимоии “WhatsApp”, Telegram +7 (999) 912-58-68.