1 июн дар қонунгузорӣ дар Россия чӣ тағйир ёфт?

1 июн дар қонунгузорӣ дар Россия чӣ тағйир ёфт?

Намояндагӣ хотиррасон менамояд, ки аз имрӯз, 01.06.2026, муҳлати таҷрибаи озмоишии татбиқи қоидаҳо ва шартҳои вуруд ба Россия барои шаҳрвандони хориҷӣ тамдид карда шудааст.
Ҳадафи асосии ин таҷриба ташкили дафтари рақамии шаҳрвандони хориҷӣ мебошад. Қаблан пешбинӣ шуда буд, ки он то 30 июн идома меёбад, аммо муҳлати он то охири соли 2027 тамдид гардид.
Дар доираи таҷриба, шаҳрвандони хориҷие, ки аз марзи Россия мегузаранд, дар ҳолати мавҷуд будани имкони техникӣ, ҳатман маълумоти биометрӣ (акс ва изи ангуштони даст) месупоранд.
Ҳамчунин, шаҳрвандони хориҷӣ, ки ҳуқуқи вуруди бидуни раводидро ба Россия доранд, уҳдадоранд дар низоми ягонаи мушаххаскунӣ тавассути замимаи ruID сабти ном шуда, акс ва маълумоти биометрии худро боргузорӣ намоянд ва на камтар аз 72 соат пеш аз сафар дархости вуруд пешниҳод кунанд. Ин талабот тибқи Қарори Ҳукумати Федератсияи Россия аз 27 апрели соли 2026, № 468 («Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қарори Ҳукумати Федератсияи Россия аз 7 ноябри соли 2024, № 1510») муқаррар шудааст.
Инчунин таъкид менамоем, ки аз 1 июни соли 2026 муҳлати будубоши муваққатӣ дар ҳудуди Россия барои баъзе гуруҳҳои ронандагони касбӣ (ронандагони нақлиёти боркаш) зиёд карда шудааст.
Шаҳрвандони давлатҳои иштирокчии ИДМ ва Гурҷистон, ки ҳамчун ронандагони касбӣ дар ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ фаъолият мекунанд ва ба Россия дар асоси низоми бидуни раводид ворид мешаванд, метавонанд дар давоми як соли тақвимӣ то 180 рӯз дар маҷмӯъ дар қаламрави Россия муваққатан иқомат намоянд.
Онҳо бояд бо мақсади вуруд ва будубош дар қаламрави Федератсияи Россия дархост пешниҳод намоянд. Қаблан, то 1 июни соли 2026, муҳлати будубош барои ин гурӯҳи шаҳрвандон 90 рӯзро ташкил медод. Ин тағйирот тибқи Қарори Ҳукумати Федератсияи Россия аз 27 апрели соли 2026, № 467 («Дар бораи зиёд намудани муҳлати будубоши муваққатӣ дар қаламрави Федератсияи Россия барои категорияи алоҳидаи шаҳрвандони хориҷӣ») амалӣ гардидааст.