БА МАЪЛУМОТИ ШАҲРВАНДОНИ ГИРОМӢ!

БА МАЪЛУМОТИ ШАҲРВАНДОНИ ГИРОМӢ!

Муассисаи давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ»-и Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дарсҳои омӯзишӣ оид ба омодагӣ барои супоридани имтиҳони забони русӣ, таърих ва қонунгузории Федератсияи Россия баргузор менамояд.
Шаҳрвандон метавонанд рӯзҳои сешанбе ва панҷшанбе ба Марказ муроҷиат намуда, дар дарсҳои омӯзишӣ иштирок намоянд.
📍 Суроға: ш. Душанбе, кӯчаи Айнӣ, 121 (тарафи ДОК)
🕘 Вақти баргузорӣ: аз соати 09:00 то 12:00
⏳ Давомнокии дарс: 3 соат
💰 Иштирок: РОЙГОН
Дарсҳо аз ҷониби мутахассисони Марказ гузаронида шуда, барои омодагӣ ба супоридани имтиҳони забони русӣ, таърих ва қонунгузории Федератсияи Россия равона гардидаанд.
Бо худ танҳо шиноснома дошта бошед.
Барои гирифтани маълумоти иловагӣ ва номнавис шудан метавонед ба рақами зерин занг занед:
☎️ 225 05 75