Сабабҳои асосии ворид намудани шаҳрвандон ба Феҳристи шахсони назоратшаванда (РКЛ)

Сабабҳои асосии ворид намудани шаҳрвандон ба Феҳристи шахсони назоратшаванда (РКЛ)

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба диққати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки тибқи маълумоти оморӣ, яке аз сабабҳои асосии ворид намудани шаҳрвандон ба Феҳристи шахсони назоратшаванда (РКЛ) ин ба анҷом расидани муҳлати будубоши муваққатӣ дар ҳудуди Федератсияи Россия мебошад.
Аз ҷумла, вайрон намудани талаботи «Қоидаи 90/365» сабаби маъмултарин ба ҳисоб меравад. Ёдовар мешавем, ки аз 1 январи соли 2025, муҳлати ниҳоии будубоши шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба Федератсияи Россия бе раводид (виза) ворид мешаванд, на бештар аз 90 рӯз дар як соли тақвимӣ муқаррар гардидааст.
Ҳамзамон иттилоъ дода мешавад, ки дар Федератсияи Россия низоми автоматии ҳисобкунии муҳлати будубоши шаҳрвандони хориҷӣ амал мекунад. Дар ҳолати вайрон намудани қонунгузории муҳоҷиратӣ, маълумоти чунин шахсон ба таври худкор ба Феҳристи шахсони назоратшаванда ворид карда мешавад. Ин тадбир ба пешгирии будубоши ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ дар ҳудуди Федератсияи Россия равона гардидааст.
Дар ин замина, Намояндагӣ аз шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки талаботи қонунгузории муҳоҷиратии Федератсияи Россияро қатъиян риоя намуда, муҳлатҳои будубош ва ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳандаро сари вақт тамдид намоянд ва рафтори ҳуқуқиро дар қаламрави кишвари иқомат таъмин кунанд.
Таваҷҷуҳи махсус:
• Барои муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар шаҳри Москва ва вилояти Москва фаъолият доранд, тавсия дода мешавад, ки дар замимаи мобилии «Амина» имконияти ирсоли геолокатсия (макон) фаъол карда шуда, фаъолияти замима ба таври мунтазам санҷида шавад.
• Барои шаҳрвандоне, ки дар дигар минтақаҳои Федератсияи Россия фаъолият доранд, зарур аст фаъолияти меҳнатӣ мутобиқ ба суроғаи расмии ҷои кор (дар ҳуҷҷатҳо нишон додашуда) амалӣ карда шавад.
Ёдовар мешавем, ки Феҳристи шахсони назоратшаванда аз 5 феврали соли 2025 амал мекунад, шаҳрвандони хориҷие, ки барои будубоши қонунӣ дар Федератсияи Россия асос надоранд, ба ин феҳрист дохил карда мешаванд.
Намояндагӣ омода аст дар доираи ваколатҳои худ ба шаҳрвандон машварат ва кӯмаки ҳуқуқӣ пешниҳод намояд. Рақамҳо барои тамос:

  1. Ҳавзаи федералии Марказӣ, шаҳри Москва, кӯчаи Чаянова, 3/40, +7 (929) 540-88-88, +7 (988) 676-00-00, +7 (967) 271-02-02, +7 (920) 941-60-60, +7 (966) 031-22-22, +7 (936) 174-19-92, +7 (926) 586-03-00, +7 (977) 370-77-44, шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” ва Телеграмм: +7 (999) 912-58-68; Реҷаи корӣ аз 9:00 то 18:00.
  2. Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Қазон: +7 (926) 311-52-53;
  3. Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш. Санкт-Петербург: +7 (977) 963-25-69;
  4. Ҳавзаи федералии Сибир, ш. Новосибирск: +7 (901) 344-77-77;
  5. Ҳавзаи федералии Ҷанубӣ, ш. Астрахан: +7 (929) 388-54-11;
  6. Ҳавзаи федералии Урал, ш. Екатеринбург: +7 (999) 341-45-99;
  7. Роҳбари Ҷамъият дар минтақаи Шарқи Дур, ш. Хабаровск: +7 (909) 809 55 48;
  8. Роҳбари Ташкилоти Ҷамъиятӣ дар Ҷумҳурии Саха: +7 924 463-55-19
    Почтаи электронии Намояндагӣ: prmstj@mail.ru