Омодагии пеш аз сафар дар Намояндагии ХШР ВКД-и Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират иттилоъ медиҳад, ки вобаста ба пурзӯр гардидани назорат ва ворид шудани тағйирот ба қонунгузории Федератсияи Россия, ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки пеш аз сафар ҳамаи расмиёти заруриро риоя намоянд. Ин ба шумо имкон медиҳад, ки будубоши бехатар, қонунӣ ва муназзамро дар қаламрави Россия таъмин намоед.
Аз ҷумла, ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки аз хизматрасониҳои Намояндагии Хадамоти шиносномавию раводиди ВКД-и Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Айни 121, истифода бурда, расмиёти дактилоскопия (гирифтани изи ангушт) ва инчунин санҷиши мавҷуд ё набудани маҳдудият барои ворид шудан ба Федератсияи Россияро пешакӣ гузаранд.
Ҳамчунин, барои воридшави ба қаламрави Федератсияи Россия тавсия дода мешавад, ки пешакӣ тавассути замимаи мобилии «Госуслуги RUID» ариза пешниҳод намуда, QR-рамзи заруриро дастрас намоед. Дастурамал оид ба истифодаи замима дар пайванди зерин дастрас аст:
https://www.gosuslugi.ru/help/faq/ruID_app/906631
Муҳтарам шаҳрвандон, истифодаи ин хизматрасониҳо на танҳо ба шумо имкон медиҳад вақтро сарфа намоед ва раванди парвозу гузаштани сарҳадро осонтар гардонед, балки зарурати аз нав гузаштани бақайдгирии биометрӣ, дактилоскопия ва сертификати забонро дар қаламрави Федератсияи Россия бартараф менамояд.
Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки аз ин имкониятҳо ҳанӯз дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз сафар ба Федератсияи Россия, истифода баред. Ин ба шумо кӯмак мекунад, ки сафари шумо боз ҳам осонтар ва муназзамтар гардад.
Дар ҳолати пайдо шудани саволҳо дар ин самт ва барои гирифтани машварати ҳуқуқӣ, Шумо метавонед бо Намояндагӣ тамос гиред:
1. Ҳавзаи федералии Марказӣ, шаҳри Москва, кӯчаи Чаянова, 3/40, +7 (929) 540-88-88, +7 (988) 676-00-00, +7 (967) 271-02-02, +7 (920) 941-60-60, +7 (966) 031-22-22, +7 (936) 174-19-92, +7 (926) 586-03-00, +7 (977) 370-77-44, шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” ва Телеграмм: +7 (999) 912-58-68; Реҷаи корӣ аз 9:00 то 18:00.
2. Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Қазон: +7 (926) 311-52-53;
3. Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш. Санкт-Петербург: +7 (977) 963-25-69;
4. Ҳавзаи федералии Сибир, ш. Новосибирск: +7 (901) 344-77-77;
5. Ҳавзаи федералии Ҷанубӣ, ш. Астрахан: +7 (929) 388-54-11;
6. Ҳавзаи федералии Урал, ш. Екатеринбург: +7 (999) 341-45-99;
7. Роҳбари Ҷамъият дар минтақаи Шарқи Дур, ш. Хабаровск: +7 (909) 809 55 48;
8. Роҳбари Ташкилоти Ҷамъиятӣ дар Ҷумҳурии Саха: +7 924 463-55-19
Почтаи электронии Намояндагӣ: prmstj@mail.ru
