Тартиби амал ҳангоми напардохтани музди меҳнат

Тартиби амал ҳангоми напардохтани музди меҳнат

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ба диққати шаҳрвандон мерасонад, ки риояи пурраи қонунгузории амалкунанда ва ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатии худ аҳамияти аввалиндараҷа дорад.
Дар ҳолате, ки корфармо музди меҳнатро сари вақт ё пурра пардохт намекунад, шаҳрвандон метавонанд тибқи қонунгузории Федератсияи Россия чораҳои зеринро андешанд:
Пеш аз ҳама, тавсия дода мешавад, ки масъала ба таври муслеҳомез бо корфармо ҳаллу фасл карда шавад. Агар ин натиҷа надиҳад, корманд ҳуқуқ дорад бо аризаи хаттӣ ба корфармо муроҷиат намояд ва талаб намояд, ки қарзи музди меҳнат дар муҳлати муайян пардохт карда шавад.
Дар сурати идома ёфтани қонуншиканӣ, корманд метавонад ба мақомоти салоҳиятдори Федератсияи Россия муроҷиат намояд, аз ҷумла:
— ба Инспексияи давлатии меҳнат (Государственная инспекция труда), ки назорати риояи қонунгузории меҳнатро ба уҳда дорад;
— ба прокуратура барои баррасии ҳолатҳои вайронкунии ҳуқуқҳои меҳнатӣ;
— ба суд барои рӯёнидани музди меҳнати пардохтнашуда, ҷуброн ва дигар талаботи қонунӣ.
Ҳамчунин, шаҳрвандон метавонанд барои гирифтани ёрии ҳуқуқӣ ва мусоидат ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират муроҷиат намоянд.
Қобили зикр аст, ки мувофиқи қонунгузорӣ, дар сурати тасдиқи далели напардохтани музди меҳнат, корфармо ӯҳдадор аст на танҳо маблағи қарзро пардохт намояд, балки ҷуброни таъхирро низ пардозад.
Бо мақсади пешгирии чунин ҳолатҳо, ба ҳамаи шаҳрвандон қатъиян тавсия дода мешавад:
— пеш аз оғози фаъолияти меҳнатӣ ҳатман шартномаи меҳнатиро ба таври расмӣ ба имзо расонанд;
— мутмаин шаванд, ки шартномаи меҳнатӣ дар низоми расмӣ, аз ҷумла тавассути барномаи «Госуслуги», ба қайд гирифта шудааст;
— дар шартнома ҳаҷми музди меҳнати расмӣ («сафед») ва шартҳои пардохти он дақиқ нишон дода шаванд;
— нусхаи шартнома ва дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда (расидҳо, ҳисобномаҳо, мукотиба) нигоҳ дошта шаванд.
Бояд таъкид намуд, ки танҳо муносибатҳои меҳнатии расман ба қайд гирифташуда ва музди меҳнати расмӣ ҳамчун кафолати асосӣ ҳангоми муроҷиат ба мақомоти салоҳиятдор барои ҳифзи ҳуқуқҳои корманд хизмат мекунанд.
Намояндагӣ шаҳрвандонро даъват менамояд, ки ҳуқуқҳои худро донанд, танҳо дар доираи қонун фаъолият намоянд ва аз ҳамкориҳои ғайрирасмӣ худдорӣ кунанд.
Ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатии ҳар як шаҳрванд – кафолати амният ва суботи иҷтимоӣ мебошад.

Дар ҳолати пайдо шудани саволҳо дар ин самт ва барои гирифтани машварати ҳуқуқӣ, Шумо метавонед бо Намояндагӣ тамос гиред:

  1. Ҳавзаи федералии Марказӣ, шаҳри Москва, кӯчаи Чаянова, 3/40, +7 (929) 540-88-88, +7 (988) 676-00-00, +7 (967) 271-02-02, +7 (920) 941-60-60, +7 (966) 031-22-22, +7 (936) 174-19-92, +7 (926) 586-03-00, +7 (977) 370-77-44, шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” ва Телеграмм: +7 (999) 912-58-68; Реҷаи корӣ аз 9:00 то 18:00.
  2. Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Қазон: +7 (926) 311-52-53;
  3. Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш. Санкт-Петербург: +7 (977) 963-25-69;
  4. Ҳавзаи федералии Сибир, ш. Новосибирск: +7 (901) 344-77-77;
  5. Ҳавзаи федералии Ҷанубӣ, ш. Астрахан: +7 (929) 388-54-11;
  6. Ҳавзаи федералии Урал, ш. Екатеринбург: +7 (999) 341-45-99;
  7. Роҳбари Ҷамъият дар минтақаи Шарқи Дур, ш. Хабаровск: +7 (909) 809 55 48;
  8. Роҳбари Ташкилоти Ҷамъиятӣ дар Ҷумҳурии Саха: +7 924 463-55-19
    Почтаи электронии Намояндагӣ: prmstj@mail.ru