Феҳристи шахсони назоратшаванда ва тартиби санҷиш тариқи портали ВКД-и Россия

Феҳристи шахсони назоратшаванда ва тартиби санҷиш тариқи портали ВКД-и Россия

Намояндагӣ ба диққати шаҳрвандонамон, ки дар қаламрави Федератсияи Россия қарор доранд, мерасонад, ки бо мақсади таъмини риояи қонунгузории амалкунанда ва пешгирии оқибатҳои ҳуқуқӣ, зарур аст мавҷудияти маълумоти шахсӣ дар Феҳристи шахсони назоратшаванда (Реестр контролируемых лиц) сари вақт санҷида шавад.
Феҳристи мазкур дар сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия ва инчунин дар Портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ фаъолият менамояд.
Тартиби санҷиш:
Барои гирифтани маълумот, шаҳрванд бояд ба пайванди махсус (https://xn--b1aew.xn--p1ai/rkl) маълумоти зеринро ворид намояд:
• насаб, ном ва номи падар (дар ҳолати мавҷуд будан);
• санаи таваллуд;
• силсила, рақам ва санаи додашавии шиносномаи хориҷӣ.
Пас аз ворид намудани маълумот, система иттилоъ медиҳад, ки шахс дар феҳрист қарор дорад ё не.
Қайд кардан зарур аст, ки нисбати шахсоне, ки ба феҳристи мазкур дохил карда шудаанд, маҳдудиятҳои зерин татбиқ мегарданд:
• манъ будани харид ва бақайдгирии амволи ғайриманқул ва воситаҳои нақлиёт;
• манъ будани бастани ақди никоҳ;
• манъ будани таъсиси шахси ҳуқуқӣ ё бақайдгирӣ ҳамчун соҳибкори инфиродӣ;
• манъ будани кушодани суратҳисобҳои бонкӣ ва анҷом додани аксари амалиётҳои бонкӣ;
• манъ будани идора намудани воситаҳои нақлиёт.
Ҳамзамон, қабули ноболиғоне, ки ғайриқонунӣ дар қаламрави Федератсияи Россия қарор доранд, ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва томактабӣ иҷозат дода намешавад.
Барои пешниҳоди хизматрасонӣ ба шахсоне, ки дар феҳристи шахсони таҳти назорат қарор доранд, тибқи қонунгузории Федератсияи Россия ҷаримаҳо пешбинӣ шудаанд:
• барои шахсони воқеӣ — аз 2 000 то 5 000 рубл;
• барои шахсони мансабдор — аз 35 000 то 50 000 рубл;
• барои ташкилотҳо — аз 400 000 то 500 000 рубл.
Намояндагӣ ба ҳамаи шаҳрвандон тавсия медиҳад, ки мунтазам ҳолати ҳуқуқии худро санҷида, танҳо дар доираи қонун фаъолият намоянд, то аз мушкилоти ҳуқуқӣ ва маҳдудиятҳои иловагӣ пешгирӣ гардад.
Дар ҳолати пайдо шудани саволҳо дар ин самт ва барои гирифтани машварати ҳуқуқӣ, Шумо метавонед бо Намояндагӣ тамос гиред:

  1. Ҳавзаи федералии Марказӣ, шаҳри Москва, кӯчаи Чаянова, 3/40, +7 (929) 540-88-88, +7 (988) 676-00-00, +7 (967) 271-02-02, +7 (920) 941-60-60, +7 (966) 031-22-22, +7 (936) 174-19-92, +7 (926) 586-03-00, +7 (977) 370-77-44, шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” ва Телеграмм: +7 (999) 912-58-68; Реҷаи корӣ аз 9:00 то 18:00.
  2. Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Қазон: +7 (926) 311-52-53;
  3. Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш. Санкт-Петербург: +7 (977) 963-25-69;
  4. Ҳавзаи федералии Сибир, ш. Новосибирск: +7 (901) 344-77-77;
  5. Ҳавзаи федералии Ҷанубӣ, ш. Астрахан: +7 (929) 388-54-11;
  6. Ҳавзаи федералии Урал, ш. Екатеринбург: +7 (999) 341-45-99;
  7. Роҳбари Ҷамъият дар минтақаи Шарқи Дур, ш. Хабаровск: +7 (909) 809 55 48;
  8. Роҳбари Ташкилоти Ҷамъиятӣ дар Ҷумҳурии Саха: +7 924 463-55-19
    Почтаи электронии Намояндагӣ: prmstj@mail.ru