Истифодаи масъулона ва эҳтиёткоронаи телефонҳои мобилӣ ва барномаҳои рақамӣ
Муҳтарам шаҳрвандон, муҳоҷирони меҳнатӣ!
Намояндагӣ ёдовар мешавад, ки истифодаи масъулона ва эҳтиёткоронаи телефонҳои мобилӣ ва барномаҳои рақамӣ аҳамияти махсус дорад. Бояд дар назар дошт, ки дастгоҳи мобилии шумо метавонад мавриди таваҷҷуҳи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор гирад. Ҳар гуна амали беэҳтиётона дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва мессенҷерҳо метавонад ба оқибатҳои ҷиддӣ, аз ҷумла ҷаримаҳо, ҷавобгарии ҷиноятӣ, ихроҷ аз қаламрави Федератсияи Россия ва манъи дарозмуддат ё доимии воридшавӣ ба кишвар оварда расонад.
Қоидаҳои асосии бехатарӣ:
• Назорати обунаҳо: Аз пайвастан ба гурӯҳҳо ва каналҳое, ки хусусияти ифротгароӣ, сиёсӣ ё мазҳабии шубҳанок доранд, худдорӣ намоед.
• Санҷиши тамосҳо: Ба шахсони ношинос бовар накунед, онҳоро ба рӯйхати дӯстони худ илова накунед ва ба паёмҳои шубҳанок ҷавоб надиҳед.
• Маҳдуд намудани дастрасӣ: Телефони худро ба шахсони дигар надиҳед ва барои ҳифзи маълумот рамзи боэътимод (код-парол) насб намоед.
• Санҷиши зеркашӣ: Барномаҳо, китобҳо ва наворҳоро танҳо аз манбаъҳои расмӣ ва боэътимод боргирӣ намоед.
• Пок нигоҳ доштани маълумот: Таърихи браузер, галерея ва файлҳои зеркашишуда (аз ҷумла дар Telegram ва WhatsApp) мунтазам тоза карда шаванд.
Ҷавобгарии маъмурӣ (Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии ФР):
• Моддаи 20.3.1 — паҳн намудани маводе, ки адоват ё душманиро барангезад (аз ҷумла ирсоли видео дар чатҳо);
• Моддаи 20.3.3 — беобрӯ намудани истифодаи Қувваҳои Мусаллаҳи ФР (шарҳҳо, мақомҳо, тасвирҳо);
• Моддаи 20.29 — нигоҳдорӣ ё паҳн намудани маводи ифротӣ, ки ба рӯйхати федералӣ дохил шудаанд.
Ҷавобгарии ҷиноятӣ (Кодекси ҷиноятии ФР):
• Моддаи 205.2 — сафедкунӣ ё дастгирии терроризм (аз ҷумла “лайк”, шарҳ ё иштирок дар гурӯҳҳо);
• Моддаи 280 — даъват ба фаъолияти ифротгароӣ;
• Моддаи 207.3 — паҳн намудани маълумоти бардурӯғ дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи ФР.
Оқибатҳо: ҷарима, ҳабси маъмурӣ то 15 шабонарӯз, ихроҷи фаврӣ аз кишвар, маҳрумият аз озодӣ ба муҳлатҳои дароз дар муассисаҳои ислоҳии Федератсияи Россия.
Муҳтарам ҳамватанон, эҳтиромона тавсия дода мешавад, ки ҳангоми истифодаи воситаҳои рақамӣ ҳушёрӣ ва масъулиятро риоя намоед, то аз мушкилоти ҳуқуқӣ ва оқибатҳои нохуш пешгирӣ карда шавед.
Дар ҳолати пайдо шудани саволҳо дар ин самт ва барои гирифтани машварати ҳуқуқӣ, Шумо метавонед бо Намояндагӣ тамос гиред:
- Ҳавзаи федералии Марказӣ, шаҳри Москва, кӯчаи Чаянова, 3/40, +7 (929) 540-88-88, +7 (988) 676-00-00, +7 (967) 271-02-02, +7 (920) 941-60-60, +7 (966) 031-22-22, +7 (936) 174-19-92, +7 (926) 586-03-00, +7 (977) 370-77-44, шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” ва Телеграмм: +7 (999) 912-58-68; Реҷаи корӣ аз 9:00 то 18:00.
- Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Қазон: +7 (926) 311-52-53;
- Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш. Санкт-Петербург: +7 (977) 963-25-69;
- Ҳавзаи федералии Сибир, ш. Новосибирск: +7 (901) 344-77-77;
- Ҳавзаи федералии Ҷанубӣ, ш. Астрахан: +7 (929) 388-54-11;
- Ҳавзаи федералии Урал, ш. Екатеринбург: +7 (999) 341-45-99;
- Роҳбари Ҷамъият дар минтақаи Шарқи Дур, ш. Хабаровск: +7 (909) 809 55 48;
- Роҳбари Ташкилоти Ҷамъиятӣ дар Ҷумҳурии Саха: +7 924 463-55-19
Почтаи электронии Намояндагӣ: prmstj@mail.ru
