“АМИНА” БАРОИ ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ ҲАТМӢ ГАРДИД
Намояндагӣ ба иттилои шаҳрвандон мерасонад, ки аз 1 сентябри соли 2026, барномаи мобилии «Амина» ба тамоми категорияҳои шаҳрвандони хориҷӣ, ки вурудашон ба Федератсияи Россия бе виза амалӣ мегардад, роҳандозӣ карда мешавад.
Хотиррасон менамоем, ки барномаи мобилии “АМИНА” дар ҳудуди Москва ва вилояти он фаъолият дошта, пештар аз ин танҳо барои бақайдгирии муҳоҷирони меҳнатӣ пешбинӣ шуда буд.
Шуруъ аз 1 сентябри соли 2026, барномаи мобилии бақайдгирии “Амина” ягона роҳи бақайдгирӣ дар Маскав ва вилояти он гардида, категорияҳои зерини шаҳрвандон низ тавассути барномаи мазкур ҷойи зисти худро ба қайд мегиранд:
Барои шаҳрвандони хориҷии аз 18-сола боло:
Донишҷӯён (шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, таҳсил ва тадқиқоти илмӣ машғул мебошанд);
Иттилоъ медиҳем, ки шаҳрвандони нобилиғ тибқи тартиби муқаррашуда, барои гирифтани иҷозатномаи зисти муваққатӣ ба шуъба ё раёсати ВКД Россия вобаста ба ҷойи зисти худ муроҷиат менамоянд.
Дар ҳолати пайдо гардидани савол ва ё гирифтани машварати ҳуқуқии ройгон шаҳрвандон метавонанд ба мутахассисони Намояндагӣ муроҷиат намоянд.
1. Ҳавзаи федералии Марказӣ, шаҳри Москва, кӯчаи Чаянова, 3/40, +7 (929) 540-88-88, +7 (988) 676-00-00, +7 (967) 271-02-02, +7 (920) 941-60-60, +7 (966) 031-22-22, +7 (936) 174-19-92, +7 (926) 586-03-00, +7 (977) 370-77-44, шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” ва Телеграмм: +7 (999) 912-58-68; Реҷаи корӣ аз 9:00 то 18:00.
2. Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Қазон: +7 (926) 311-52-53;
3. Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш. Санкт-Петербург: +7 (977) 963-25-69;
4. Ҳавзаи федералии Сибир, ш. Новосибирск: +7 (901) 344-77-77;
5. Ҳавзаи федералии Ҷанубӣ, ш. Астрахан: +7 (929) 388-54-11;
6. Ҳавзаи федералии Урал, ш. Екатеринбург: +7 (999) 341-45-99;
7. Роҳбари Ҷамъият дар минтақаи Шарқи Дур, ш. Хабаровск: +7 (909) 809 55 48;
8. Роҳбари Ташкилоти Ҷамъиятӣ дар Ҷумҳурии Саха: +7 924 463-55-19
Почтаи электронии Намояндагӣ: prmstj@mail.ru
