Чӣ тавр муҳоҷирон ба Руйхати шахсони назоратшаванда (РКЛ) ворид мегарданд?

Чӣ тавр муҳоҷирон ба Руйхати шахсони назоратшаванда (РКЛ) ворид мегарданд?

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба маълумоти шаҳрвандон, ки дар қаламрави Россия фаъолияти меҳнатӣ анҷом медиҳанд, мерасонад, ки Руйхати шахсони назоратшаванда (РШН) дар низоми худкор фаъолият намуда, маълумот дар он ҳар 4 соат бо назардошти иттилооти навшуда оид ба шаҳрвандони хориҷӣ иваз мегардад.
Ба Руйхати шахсони назоратшаванда кадом маълумоти шаҳрванди хориҷӣ ворид мегардад:
1. Муҳлати будубоши муваққатӣ дар қаламрави Федератсияи Россия;
2. Гирифтан ё тағйир ёфтани мақоми муҳоҷиратӣ;
3. Мавҷудияти ҳуҷҷатҳое, ки ҳуқуқи анҷом додани фаъолияти меҳнатиро тасдиқ мекунанд;
4. Қарорҳои ба қувваи қонунӣ даромадаи суд, аз ҷумла ҳукмҳои айбдоркунанда, қарорҳо дар бораи ихроҷ, берункунӣ (выдворение), номатлуб эътироф намудани будубош, манъи воридшавӣ ва ё қатъ гардидани шаҳрвандӣ.

Ҳамчунин, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар ҳолатҳое ба Руйхат ворид карда мешаванд, ки ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳанда ё мақоми ҳуқуқии онҳо бекор гардида бошад.

Тартиби санҷиш дар Руйхати шахсони назоратшаванда (РКЛ):
Шаҳрвандон метавонанд мустақилона ва ройгон, тариқи портали ВКД-и Россия (пайванд: https://мвд.рф/rkl ) санҷанд, ки оё номи онҳо дар Феҳристи шахсони назоратшаванда мавҷуд аст ё не. Барои ин зарур аст маълумоти зерин ворид карда шавад:
• ному насаб (ФИО);
• санаи таваллуд (рӯз, моҳ, сол);
• силсила ва рақами ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият;
• санаи додани ҳуҷҷат.
Намояндагӣ ба шаҳрвандон тавсия медиҳад, ки мунтазам вазъи ҳуқуқии худро назорат намуда, талаботи қонунгузории Федератсияи Россияро қатъиян риоя намоянд, то аз ворид шудан ба Реестри шахсони назоратшаванда ва паёмадҳои ҳуқуқии он пешгирӣ карда шаванд.
Дар ҳолати пайдо шудани саволҳо дар ин самт ва барои гирифтани машварати ҳуқуқӣ, Шумо метавонед бо Намояндагӣ тамос гиред:
1. Ҳавзаи федералии Марказӣ, шаҳри Москва, кӯчаи Чаянова, 3/40, +7 (929) 540-88-88, +7 (988) 676-00-00, +7 (967) 271-02-02, +7 (920) 941-60-60, +7 (966) 031-22-22, +7 (936) 174-19-92, +7 (926) 586-03-00, +7 (977) 370-77-44, шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” ва Телеграмм: +7 (999) 912-58-68; Реҷаи корӣ аз 9:00 то 18:00.
2. Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Қазон: +7 (926) 311-52-53;
3. Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш. Санкт-Петербург: +7 (977) 963-25-69;
4. Ҳавзаи федералии Сибир, ш. Новосибирск: +7 (901) 344-77-77;
5. Ҳавзаи федералии Ҷанубӣ, ш. Астрахан: +7 (929) 388-54-11;
6. Ҳавзаи федералии Урал, ш. Екатеринбург: +7 (999) 341-45-99;
7. Роҳбари Ҷамъият дар минтақаи Шарқи Дур, ш. Хабаровск: +7 (909) 809 55 48;
8. Роҳбари Ташкилоти Ҷамъиятӣ дар Ҷумҳурии Саха: +7 924 463-55-19
Почтаи электронии Намояндагӣ: prmstj@mail.ru