КОНФЕРЕНСИЯ ДАР МАВЗӮИ «ДАСТОВАРДҲОИ СОҲАИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ»

КОНФЕРЕНСИЯ ДАР МАВЗӮИ «ДАСТОВАРДҲОИ СОҲАИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ»

20 августи соли 2026, дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзӯи «Дастовардҳои соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар даврони Истиқлолияти давлатӣ» бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори конференсия олимону муҳаққиқон ва коршиносони соҳа, кормандони дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои таркибии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, намояндагони вазорату идораҳо, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, мутахассисони соҳаҳои муносибатҳои меҳнатӣ, бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ, бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат, муҳоҷирати меҳнатӣ, муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ, инчунин равандҳои муосири демографӣ иштирок намуданд.

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмаҳмадзода Солеҳа дар оғози ҳамоиш иштирокчиёнро хайрамақдам гуфта, доир ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар 35 соли Истиқлолияти давлатӣ суханронӣ намуд. Таъкид гардид, ки дар ин давра тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ба таври назаррас рушд намуда, заминаҳои устувори рушди иҷтимоию иқтисодӣ фароҳам оварда шудаанд.

Дар идомаи суханронӣ аз ҷониби вазир қайд гардид, ки яке аз дастовардҳои муҳими даврони Истиқлол ташаккул ва такмили заминаи ҳуқуқии соҳа мебошад. Дар ин давра Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ», «Дар бораи муҳоҷират», «Дар бораи ҳунармандӣ», «Дар бораи тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат» ва дигар санадҳои муҳим қабул гардиданд.

Ҳамзамон, як қатор стратегияҳо, консепсияҳо ва барномаҳои давлатӣ амалӣ шуданд, ки ба рушди шуғли пурмаҳсул, танзими муҳоҷирати меҳнатӣ, рушди ҳунармандӣ, омодасозии кадрҳои ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ равона гардидаанд.

Дар даврони истиқлолият зиёда аз 30 қонун ва 70 қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати танзими самтҳои фаъолияти вазорат таҳия, қабул ва амалӣ гардиданд.
Зимни конференсия ба масъалаҳои мутобиқ намудани низоми омодасозии кадрҳо ба талаботи воқеии бозори меҳнат таваҷҷуҳ зоҳир гардида, аз ҷониби вазир таъкид карда шуд, ки вазифаи мо гузариш ба модели нави касбомӯзӣ мебошад, ки ҳадафи он касбомӯзӣ барои шуғли устувор, даромади муносиб ва рушди минбаъдаи касбӣ бошад.

Дар ин самт ҳамкории вазорат бо муассисаҳои илмӣ, донишгоҳҳо, корфармоён ва бахши хусусӣ бояд боз ҳам густариш ёбад.

Зикр карда шуд, ки таҳқиқоти илмии амалгаро, маълумоти дақиқ, пешгӯии равандҳо ва тавсияҳои илман асоснок заруранд.
Ҳамзамон, таъкид шуд, ки дар баробари рушди малакаҳои касбӣ, баланд бардоштани саводнокии рақамии аҳолӣ низ аҳамияти муҳим дорад. Дар ин замина, зарурати тақвияти корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ аз ҷониби олимону муҳаққиқони соҳа махсус таъкид гардид.

Дар ҷараёни конференсия иштирокчиён масъалаҳои мубрами соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолиро мавриди баррасӣ қарор доданд. Аз ҷумла, доир ба нақши сиёсати иҷтимоӣ дар таъмини сатҳи шоистаи зиндагии аҳолӣ, ташаккули шуғли пурмаҳсул дар иқтисоди кишвар, таъсири омилҳои хориҷӣ ба дурнамои рушди бозори меҳнат, меъёргузорӣ ва пардохти меҳнат, бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат, ва таълими калонсолон, инчунин омилҳои ташаккули шуғли пурмаҳсул ва нақши кадрҳои баландихтисос мубодилаи афкор сурат гирифт.

Бо дарназардошти нақши муҳими сиёсати иҷтимоӣ, меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ, инчунин бо таъкид ба аҳамияти рушди бозори миллии меҳнат, фароҳам овардани ҷойҳои кории муносибу пурмаҳсул, баланд бардоштани маҳсулнокии меҳнат ва рушди сармояи инсонӣ, масъалаҳои мубрами соҳаи мазкур мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.